Хуросон аст ин ҷо

Ҳар шахсе аз тоҷикон ҳам агар ба роҳи худҷўиву худрасӣ дарояд, моҳияти ҳастии худ ва миллати худро шинохтан хоҳад, аввало лозим меояд, ки забони худро донад, ба асрори ниҳони забони худ роҳ ёбад, то ба ҳастии маънавии миллат бирасад. Он гоҳ худро хоҳад ёфт.
Забон ва фарҳанг - асоси маънавии ҳастӣ ду нишонаи муҳимми миллат аст, ки симои онро муайян мекунад, мавқеи онро дар таърих ва дар байни миллатҳои дигар таъйин менамояд.
Нақши ҳар миллат дар ҳаёти халқҳои як минтақаи таърихӣ ва дар замонҳои гуногун бештар аз таъсири ҳамин ду ҷанбаи мавҷудияташ падид меояд. Бешак нақши иқтисодӣ ва сиёсии ҳар миллате ва ё баъзе миллатҳо дар таърих хеле муҳим аст ва гоҳ якбора аҳамияти махсус пайдо мекунад, вале бунёди ҷанбаи иқтисодиву сиёсӣ ва ғайра низ бар мабдаъи маънавист, инҳо ҳам аз маънавиёт сар мезананд ва пайомади онанд. Бино бар ин мавқеъи ҳар халқеро дар таърих ё давраҳои алоҳидаи он, дар сарнавишти халқҳои атроф, дар муносибати байни онҳо бештар аз фарҳанг, аз симои маънавӣ ва забони вай бояд ҷуст. Он чи халқеро аз халқҳои дигар тафовут медиҳад, вежагии фарҳангӣ ва забон аст.
Ҳар халқе бо хусусиятҳои назарраси маънавияту фарҳанг ва забони худ аз дигар халқҳо фарқ мекунад ва нақше ки маҳз аз ҳамин хусусиятҳо ба сафҳаи таърих, ба сарнавишти дигар халқҳо боқӣ мегузорад, дар ҳақиқат нақши таърихист. Аз ин нақш чеҳраи хоси ҳар халқ намоён меояд. Мавқеи таърихии ҳар халқ, вобаста ба он аст, ки маънавияти ў ба чи поя расидааст ва забонаш чи иқтидоре дорад, аз ягон ҷиҳат мазиятеро соҳиб аст ё не.
Оре, маънавият ва забон ду омили бунёдист, ки барои муайян шудани ҳувияти миллат бештар аз дигар омилҳо, зиёдтар аз дигар хусусиятҳо аҳамият дорад. Агар маънавияти олӣ дар зиндагӣ раҳнамои халқ набошад, эҳтимоли қавӣ пеш меояд, ки халқ имкон нахоҳад ёфт муҳимтарин сифатҳои инсонии худро фаъол кунад, на
танҳо имкон нахоҳад дошт, ки арзишҳои бузурги инсонӣ ба вуҷуд орад, балки хусусан агар ин халқ халқи сершуморе бошад, мумкин аст рўзе бар сари халқҳои олимаънавият чун балои осмонӣ бирезад ва қасри тамаддуни онҳоро ба хоки сиёҳ яксон бикунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё