Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин аст, ки инкишофи забон ва фарҳангу маънавият сахт ҳамбастаи якдигар буда, ҳар ду чун ойинае ҳолати якдигар, ҳолати шахс ва миллатро намудор меоранд.
Ҳар кас донистан хоҳад, ки мардуми тоҷик чи мардуме будаанд, бояд ба урфу одат ва ахлоқу русуми онҳо, ба адабиёту санъат (ҳунар), ба асарҳои файласуфон ва аҳли тасаввуф, ахлоқномаҳо ва арзишҳои исломӣ рў биёварад, бубинад, ки ин мардум ба чи роҳҳо ба шинохти худ, ба шинохти дигарон ва муҳит, ба шинохти зоти илоҳӣ расидаанд. Он кас ки ба шинохти тоҷикон расидан мехоҳад, бо мушоҳидаи бевосита, бо дидани шароити зиндагии кунунии онҳо, бо мутолиаи таърихномаҳо, асарҳои фалсафӣ, мазҳабӣ ва ғайра метавонад ба мақсад бирасад.
Бисёре аз ин асарҳоро аз тарҷумаи русӣ, аз тарҷумаҳои сершумори аврупоӣ метавон хонд. Огоҳии ҳарҷонибае аз ин тарҷумаҳо метавон пайдо кард. Лекин то он ки аз забони форсии тоҷикӣ огоҳии кофӣ нест, шинохти пурраи мардуми тоҷик ва ҳастии маънавии ў даст нахоҳад дод. Забон тарзи тафаккур ва сохтори олами эҳсосоти мардумро мукаммалтар аз ҳама падид меорад ва шинохти ҳар халқе аз забони ў амиқтар муяссар хоҳад шуд.
Халқеро шинохтан хоҳем, ба забони ў бояд рў оварем. Аз роҳи забон ба ниҳонхонаҳои дил, ба дунёи маънавии халқ сар даровардан бештар имкон дорад. Забон тамаркузгоҳи арзишҳои маънавӣ буда, моҳияти аслии ин арзишҳоро дар сохтори худ, дар имкониятҳои ботинӣ ва ғаномандиҳои худ, дар китоб, ки муҳимтарин ҷилвагоҳи ҳис ва сухан, махзани андўхтаҳои андеша ва ифодаи забонии он аст, таҷассум додааст. Даст ёфтан ба асрори забони халқе роҳ ёфтан ба ҷаҳони маънавии ўст, яъне роҳ ёфтан ба моҳияти ҳастии вай аст.

пешина
аз 351
навбатӣ