Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Айнӣ он кореро, ки Аҳмади Домиш ва ҷадидон пеш гирифта буданд, дар шароити даҳаи бистум идома дод ва кўшид, ки худогоҳии тоҷикон бунёди маънавӣ дошта ва ба қадри имкон тибқи вежагиҳои зеҳнияти миллӣ сурат ёбад. Фармудаи таърих ҳамин буд, ки иҷро шуд.
Муборизаи зидди пантуркизм ва талошҳои сахти даҳаи бистум барои ташаккули миллати тоҷик ва худшиносии миллии тоҷикон дорои аҳамияти куллӣ буд.

6

На танҳо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» расман манъ шуд ва ба коми оташ рафт, балки метавон гуфт, ки нашри осори адибони асрҳои гузашта умуман манъ шуда буд. Идеологияи шўравӣ бар ин ақида асос ёфта буд, ки адабиёту санъат саропо моҳияти синфӣ (табақотӣ) дорад ва осори адабии гузаштагон асосан манфиатҳои синфии феодалони истисморгар ва таълимоти диниро ифода кардааст, аз ин рў барои мардуми шўравӣ, ки ҷомеаи бесинф месозанд ва ҳама бояд бедин бошанд, зарар дорад. Ин аст, ки бахши Осиёи Миёнагии ҳизби коммунистии шўравӣ соли 1927 чунин тасмим гирифта буд:
«Интишори назми давраи феодализм ҳоло ба доираи вазифаҳои мо наметавонад бидарояд ва ҳизб онро бояд дастгирӣ накунад... Аз чопи минбаъдаи китобҳое чун осори Махдумқулӣ, маҷмуаи назми бостонии Ўзбекистон, Тоҷикистон ва ғайра худдорӣ бояд кард»1.

1 О задачах печати в борьбе на идеологическом фронте (Вазифаҳои матбуот дар муборизаи ҷабхаи идеологӣ), резолюция среднеазиатского совещания работников печати и редакторов газет, утвержденная исполкомиссией Средазбюро ЦК ВКП(б).
журн. «За партию», 1927, № 4, стр. 129.

пешина
аз 351
навбатӣ