Хуросон аст ин ҷо

Инкори мавҷудияти эронӣёни тоҷик дар Мовароуннаҳр поя бар ҳамин даъво дошт. Донишмандон, аз ҷумла баъзе шарқшиносони аврупоӣ чандин бор исбот кардаанд, ки ҳамреша донистани вожаҳои «турк» ва «Тўрон» ниҳояти бесаводии таърихист ва ин ду вожа дар пайдоиш ба ҳам робитае надоранд.
Асли эронии вожаи «Тўрон» ва ба вожаи «турк» робита надоштани он аз китоби Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» худ ба худ ошкор шуд. Аз ин китоби Айнӣ дигар ҷои шубҳа намонд, ки Мовароуннаҳр аз аҳди бостон ватани ориёиён, ватани порсии дарӣ ва адабиёти нави форсӣ будааст ва аҷдоди тоҷикони кунунӣ онро ба вуҷуд оварда, дар ҳазор соли охир барои равнақу ривоҷи он ҳиммат гумоштааанд. Устод Айнӣ нагузошт, ки миллати тоҷикро аз ватанаш ва таърихаш, аз забони адабӣ ва адабиёту фарҳангаш ё ки аз як қисми мероси адабиаш маҳрум кунанд. Агар он ақида, ки гўё тоҷикон забони адабӣ надоранд ва барои онҳо аз гўиши кўчаву бозор забони адабӣ бояд сохт, ё он ақида, ки адабиёти тоҷикӣ аз қарни 19, аз Аҳмади Дониш ва ё аз қарни 16-17 оғоз ёфтааст, - агар ин ақидаҳо ё ки яке аз онҳо ғалаба мекард, ташаккули миллати тоҷик ва шуури миллӣ ба роҳи нодуруст медаромад. Агар ин ақидаҳо қабул мешуд, натиҷа он мебуд, ки ёди таърихии мардуми тоҷик номукаммал ташаккул меёфт, худшиносии маънавӣ ва худогоҳии миллии онҳо аз заминаи воқеъияти таърихӣ канда шуда, мазмуни нодуруст ва хилофи ҳақиқати воқеъӣ пайдо мекард. Ёди таърихӣ, ёди фарҳангӣ, ки дар асоси воқеъият ташаккул ёфтааст, раҳнамои миллат дар ҷустуҷўҳои иҷтимоъиву маънавии имрўзу фардост. Бидуни ёди фарҳангӣ ва бо ёди дурўғин дар печидагиҳои рафти таърих роҳи дуруст ёфтан аз доираи имкон берун аст.
Талошҳои Айнӣ худҷўиву худрасии мардуми тоҷикро ба роҳи дуруст равон кард, барои ин, ки ёди таърихии миллат то ҳадди имкон наздик ба воқеъият бошад ва худшиносии миллӣ аз бунёди маънавӣ маҳрум нагардад, замина фароҳам овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё