Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Георгий Чичерин бо назардошти мақоми таърихии тоҷикон ва аҳамияти геополитикии давлатдории онҳо соли 1924 нақшаи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро кашид, ки на танҳо ҳама шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Мовароуннаҳрро бояд фаро гирад, балки ҷумҳурии мухтори Ўзбекистон низ дар ҳайъати он бошад. Лекин нақшаи ў қабул нашуд. Касоне буданд, ки Русияро ҳамбастаи даштҳо ва даштнишинон, ҳамбастаи турониёни турк медиданд, ҳатто мегуфтанд: «Русия вориси Хонони Бузург, давомдиҳандаи корзори Чингизу Темур, муттаҳидкунандаи Осиёст»1. Чунин касон аз назарияи авросиёият, аз он назария, ки гўё фарҳанги русҳову туркҳо бунёди ягона дорад, рўҳ гирифта, бо нияти ҷаҳонгирии чингизиву темурӣ камар баста буданд (ва бечиз нест, ки лашкаркаши шўравӣ Михаил Фрунзе писарашро Тсмур ном гузошта буд). Онҳо ба сўи мардуми эронитабор ва ориёинажод бо ниятҳои ғасбкорӣ чашм дўхта, бо ҳамдастии пантуркистҳои ўзбек, тотор ва ғайра амал мекарданд.
Дар замони инқилоби Русияи 1917 пантуркизм аз чанд ҷиҳат бо болшавизм як шуда, аз ҷумла дар мубориза усулҳои зўроварии болшавикиро пазируфт.
Пас аз инқилоби октабри соли 1917 авҷи олии пантуркизми болшавикӣ оғоз ёфта, дар ҳама ҷабҳаҳо сахт ба ҳамлаву ҳуҷум гузашт. Баъди инқилоб дар Ҷумҳурияти Шўравии Туркистон ва Ҷумҳурияти Шўравии Бухоро аксаран пантуркистҳои болшавик ба сари кор омаданд ва турктоз оғоз карданд. Як даъвои пантуркистҳо дар Туркистону Бухоро ин буд, ки халқе ба номи тоҷик вуҷуд надорад ва онҳое, ки худро тоҷик меноманд, дар асл турки ўзбаканд, ки забони модарии худро аз даст дода, як лаҳҷаи хароби

Гумилева (Масъалаи авросиёият дар партави баъзе мулоҳизаҳои Л. Гумилов). сб.: Евразийская перспектива. - М., 1994.
1 Дурнамои авросиёият, саҳ. 184.
форсиро пазируфтаанд ва онҳоро ба он водоштан даркор аст, ки боз ўзбак шаванд.

пешина
аз 351
навбатӣ