Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Истеъморгарони рус қудрати рўзафзуни пантуркизмро дида, дар баъзе масъалаҳо чунончи дар масъалаи тоҷикон ба туркон хеле гузашт карданро лозим донистанд.
Асли манфиатҳои мардуми рус ва давлати Русия дар тўли асрҳо иттифоқу ҳампаймонӣ бо Эрон (аз ҷумла эрониёни шарқӣ), Афғонистон ва Ҳиндро тақозо дошт ва имрўз ҳам дорад. Ягонагии решаҳои ҳиндуаврупоии форсҳо, тоҷикон, паштуниҳо, ҳиндувон ва русҳо барои ҳамзистии дўстона ва ҳамкории пурсамар, барои устувор кардани пайвандҳои бостонии фарҳанги онҳо замина омода кардааст. Робитаҳои неки фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Русия бо ориёинажодони Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна чунин маънӣ медошт, ки Русияи бузург шарти азиздошти муқаддасоти ҳинду аврупоии бостонии худро ба ҷо меорад, нисбат ба ҳамнажоди бостонии худ эҳтиром адо менамояд. Чунин робитаҳо барои Русия имкони фаровон фароҳам меовард, ки бо ислом ва фарҳанги олии исломӣ аз наздик ва бевосита - на ба воситаи қабилаҳои турк ё пажўҳишгарони худиву бегона - шинос бишавад ва баҳра барад. Баҳра бурдан аз фарҳанги исломӣ, эронӣ ва ҳиндӣ дар рушди маънавии Русия уфуқҳои нав мекушод ва хоҳад кушод.
Ҳар гоҳ Русия решаҳои таърихии ҳастии худро қувват додан хоҳад, лозим меояд, ки дар Осиёи Марказӣ бештар ба эрониёни шарқии Хуросону Мовароуннаҳр такя орад.
Бисёре аз донишмандон ва баъзе аз сиёсатмадорони Русия ин заруратро эҳсос мекарданд1. Аз ин ҷост, ки вазири хориҷии шўравӣ

1 Дар ин бора муроҷиат шавад ба: Ш. Шукуров. Таджики. Опыт национального автопортрета (Тоҷикон. Қаламсанҷие дар чеҳранигории миллии худ). «Независимая газета», 26 феврали 1993; Charif et Roustam Choukurov. Pueples dAzie centrale (Халқҳои Осиёи Марказӣ). – Paris, Syros, 1994; Ш. Шукуров.
Евразийская проблема в свете некоторых рассуждений Л. Н.

пешина
аз 351
навбатӣ