Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инро инчунин хидмати бузурге дар пеши хамнажодону ҳамзабонони худ бояд донист, ки онҳо чи дар маркази Эрон ё ғарби он, чи дар ҷануби Афғонистон ё Ҳинду Покистон ва ҳар куҷо ки ҳастанд, имрўз ҳам метавонанд аз ин муҳофизаткории таърихӣ, аз ин асолатбонӣ баҳра бардоранд, на танҳо ба воситаи шеъри Рўдакӣ ё «Шоҳнома» ва ё «Таърихи Байҳақӣ», балки аз осори С. Айнӣ ё ки аз сухани як тоҷики кўҳистонӣ ба оғозгоҳҳои забону фарҳанги худ, ба табиъияти аслии он бирасанд.
Ин аст, ки чун тоҷикони Осиёи Миёна имрўз боз ба сўи ҷаҳони нопайдоканори форсиён роҳ пеш гирифтаанд, ба дасти холӣ намеоянд, балки дастовезҳои таърихӣ доранд, аз ҷумла форсии дарӣ ва табиъияти аслии забону фарҳанг меоранд.
Бешак, месазад, ки мардуми тоҷик инро ҳам боиси рўсурхиву сарбаландии худ бидонанд.

5

Истилоҳи «забони тоҷикӣ» асосан дар замони шўравӣ маъмул гардида, истилоҳоти «адабиёти тоҷик», «маданияти тоҷик» ва монанди инҳо асосан аз соли 1924, аз он вақт ки Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон таъсис ёфт, ба расмият даромад. Номи «Тоҷикистон» ҳам пеш вуҷуд надошт ва он гоҳ пайдо гардид.
Мардуми тоҷик ҳам то он вақт бештар худро мусулмон, гоҳе тоҷик ва гоҳе форс ном мебурданд ва пас аз инқилоби октабри соли 1917 расман халқи тоҷик ном гирифтанд.
Сабаб чӣ буд, ки истилоҳоти нави «забони тоҷикӣ», «адабиёти тоҷикӣ» ва ғайра дар замони мо дар Осиёи Миёна ҷои истилоҳоти аслии «забони форсӣ», «адабиёти форсӣ» ва амсоли онро ишгол карданд?

пешина
аз 351
навбатӣ