Хуросон аст ин ҷо

Осори Айнӣ пулест, ки дирўзро ба фардо мепайвандад. Мо мардуми тоҷик агар хоҳем, ки ба анъанаҳои бостонии форсии дарӣ, ба суннатҳои «форсии дарии раҳи рост»-и бидуни печидагӣ ва муғлақӣ содиқ бошем, ба ақидаи камина бояд дар роҳе, ки устод Айнӣ паймудааст, қадам занем.
Форсии Осиёи Миёна дар як муддати тўлонии зиёда аз ҳазор сол асолати форсии дариро нигаҳ дошта, чи дар гуфтор, чи дар навиштор, чунончи дар осори бисёрии намояндагони асосии адаби форсии ин диёр ҳамон равияҳоеро, ки аз Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалии Балъамӣ, Ибни Сино, Абулфазли Байҳақӣ ва монанди инҳо монда буд, идома додааст. Табиъист, ки бо мурури замон ба тақозои шароити таърихӣ дигаргуниҳое ба забон ворид меомад, чизе аз байн мерафт ва чизе нав пайдо мешуд, аз ҷумла забони халқҳои ҳамсоя таъсире иҷро мекард, ки гоҳе таъсири мусбат буд, гоҳе манфӣ буд. Бо вуҷуди инҳо асли моҳияти форсии дарӣ маҳфуз монд. Аз ин ҷост, ки форсии Осиёи Миёна дар асрҳои охир ҳам дар дигар минтақаҳои қаламрави забони форсӣ эътибори худро аз даст надод ва ҳамчунон намунаи ибрат буд. Имрўз ҳам форсии тоҷикӣ хусусиятҳое дорад, ки ба назари форсигўёни дигар ноҳияҳо ибратомўз меояд. Бисёре аз ин вежагиҳои форсии тоҷикии имрўз ба асли форсии дарӣ алоқа дошта, моро ба саргаҳу сарманшаъҳои форсии асил мебарад ва аз ин рў сазовори он аст, ки махсусан омўхта ва эҳтиёткорона нигахдорӣ шавад.
Ин ҳам мояи ифтихори миллати тоҷик аст, ки дар тўли асрҳо форсии дарӣ – ин зодаи табъу завқи аҷдодони, худро дар зодгоҳаш ба намо ва софию покӣ бидошт. Сазовори таҳсин аст, ки агарчи дар баъзе давраҳо, хусусан асрҳои охир замона сахт решакан омад, тоҷикони Осиёи Миёна дар дил чунон қувваю тавон ёфтанд, ки худ ва забону фарҳанги худро ҳифз намуданд ва чунон ҳифз намуданд, ки асолату табиъияти аввалаи он осеб надид. Тоҷикони мо ҳазор сол асолатбонӣ карданд ва ин худ як қаҳрамонии таърихист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё