Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин гап бештар дар ҳаққи навиштаҳои Эрони ғарбӣ гуфта шудааст. Осиёи Миёна дар ин давра ба касофати истилои чингизиён ва талафоту харобиҳои гўшношунид тамоман аз аҳли сухан маҳрум монд. Якумин бор пас аз эҳёи миллии даврони Сомониён аҳамияти Хуросону Мовароуннаҳр чун маркази асосии фарҳангу маънавияти Эрон чанд муддат аз даст рафт ва адабиёт дар ин сарзамин рў ба инқироз ниҳод. Вале дар садаи 15 ҳамин ки шароити мусоид фароҳам омад, Мовароуннаҳру Хуросон боз ба тамаркузгоҳи фарҳанги пешқадам табдил ёфт. Устод Евгений Бертелс боз усули шумурро ба кор бурда, қайд карда буд, ки чунонки аз «Маҷолис-ун-нафоис» - тазкираи машҳури Алишери Навоӣ маълум мешавад, дар нимаи дувуми садаи 15 аз се саду панҷ шоир танҳо бисту ҳашт шоир берун аз ҳудуди Осиёи Миёна «кор мекард», яъне 92 фоизи эҷодкорон аз Осиёи Миёна буданд.2 Файзу баракат ба ин сарзамини маънавиятхез боз баргашт. Ин ҳам муҳим аст, ки аз он 305 шоир 217 нафар танҳо ба форсӣ ва фақат 31 нафар ба форсиву туркӣ шеър мегуфтанд, дузабон буданд. Пайдост, ки бо вуҷуди ваҳшонияти Чингизу Темур ва тоҷиккушии онҳо мардуми эронинажод ва забону адабиёти форсӣ дар ин сарзамин ҳамчунон мавқеъи куллӣ доштанд. Зиёда аз ин, адабиёт аз доираи дарбор берун шуда, дар байни ҳунармандону пешаварон густариш ёфт ва аксари шоирон пешаварон будаанд. Яъне нумўъгоҳи забони адабӣ беш аз давраҳои пештар доман паҳн кард ва сухансанҷӣ дар миёни мардум бештар роҳ ёфт.

пешина
аз 351
навбатӣ