Хуросон аст ин ҷо

Агар форсии дарӣ дар садаҳои IX-X ва XI-XII ба ғоят сода, софу беғаш ва беолоиш буд, дар ёд бояд дошт, ки ин сифат аз нахуст ба шарофати замони мубориза устувор шуд. Муборизаи роҳи озодӣ ва ҳифзи истиқлол, муборизаи роҳи камолоти маънавӣ тақозо дошт, ки забон сода, фаҳмо ва зудтаъсир бошад. Рўдакӣ бо «форсии дарии раҳи рост», яъне на бо забони сохтаву сунъӣ ва пурпеч, ки омехтаи паҳлавию арабӣ бошад, балки бо форсии софи содаву равон рутбаи одамушшуароӣ ёфт, Фирдавсӣ ба форсии ноб «Аҷам зинда кард»: форсии ў низ поку беолоиш, содаву равон ва орӣ аз муарработ аст.
Содагӣ ва покиву тозагӣ яке аз хусусиятҳои давраи аввали рушди забон аст. Баъдтар сухан мураккаб ва ороиши он зиёдтар шудан гирифт. Афзоиши қолабҳои вожасозӣ, иборабандиҳои нав, ҷумлапардозиҳои тоза ба тоза иқтидори забонро зиёд мекард, имконоти он дар баён бештар мешуд. Дар айни замон рўйдодҳои манфӣ ҳам пеш омад. Қаламкашҳо кам-кам аз «форсии дарии раҳи рост» берун қадам гузоштанд, таркиботи печида пайдо шуданд, ҷумлаҳо дарун ба дарун рафтанд, таъсири забони арабӣ ба омили фишороваре табдил ёфт. Хусусан дар замони бўҳронҳои таърихӣ пасттабъӣ ва душворписандиҳои сабукбори нораво падид омад.
Масалан пас аз истилои муғул «забони адабии дарӣ дигар равонӣ ва пурмағзии деринро надошт, дар бештари насрҳо лафз фаровон, маънӣ андак, мутародифҳо ғайри лозим, санъатҳо ношиёна (навкорона) услуб номунсаҷим (бидуни назму тартиб) ва хулоса он ки ҷумлаҳо дароз ва тиҳӣ аз фоида аст".

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё