Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳатто баъзе ҷадидон солҳои инқилоб ба сиёсатгароӣ рафта, хатоҳои афвнопазир содир карда бошанд ҳам, агар пеш аз он ё баъд андешаҳои муҳимме баён карда бошанд, зарур аст, ки имрўз он андешаҳоро истифода намоем.
Гуноҳҳои Абдуррауфи Фитрат афвношуданист. Агарчи ў баъди соли 1925 боз ба адабиёти тоҷикӣ баргашт, якумин намоишномаи театрии тоҷикӣ «Шўриши Восеъ»-ро навишт (1927), алифбои лотинии тоҷикиро тартиб дод ва қоидаҳои имлои он асосан ба ҳамон шакл то имрўз дар амаланд, дигар асарҳои илмиву адабӣ ба вуҷуд овард ва ҳоказо - бо вуҷуди инҳо аз гуноҳи ў гузаштан мумкин нест.
Вале бояд дар ёд дошта бошем, Фитрат бузург аст. Аз ин ҷост, ки ҳам гуноҳаш бузург аст, ҳам хидматаш. Пас аз инқилоб, он гоҳ ки Фитрат яке аз вазирони фаъоли Ҷумҳурияти Бухоро буд, баъзе корҳои ношоям кард, ноинсофӣ, бераҳмӣ, ҳаромхўрӣ содир намуд.
Мардум ҳайрон буданд, ки аз он маорифпарвари шўълавар, аз он нависандаи забардаст ва донишманди камназир чи тавр мумкин аст, ки имрўз чунин корҳо содир шавад. Рўзе аз қиблагоҳи ман Шарифҷон-махдуми Садри Зиё пурсидаанд: Ба ақидаи шумо Фитрат чи касест, ки ин қадар бўқаламун менамояд? Падарам гуфтаанд:
Фитрат чунон касест, ки ўро бояд бикушем ва сари гўраш бишинему бигирйем. Аҷаб сухане дархури ҳоли ў гуфтаанд! Пас аз чандин сол Вадуди Маҳмудӣ дар бораи Фитрат шеъре навишта низ ўро «беназири куштанбоб» (сазовори куштан) номида буд. Садриддин Айнӣ ҳам Фитратро ба сабаби туркпарастиҳояш хеле мазаммат карда, дар айни замон ба осори адабӣ ва фаъолияти равшангарии ў баҳои баланд додааст.

пешина
аз 351
навбатӣ