Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Имрўз дар оғози садаи бисту як на танҳо баъзе муносибатҳои нави иқтисодӣ, масалан муносибатҳои бозаргонӣ ҷомеаи тоҷиконро ба давраи пеш аз инқилоб, ба оғози садаи бист пас гардонидааст, балки дар инкишофи маънавӣ низ тоҷикон аз баъзе ҷиҳатҳо ҳанўз дар замони маорифпарварон ҳастанд, ҳатто вазъе бадтар аз он доранд, зеро на танҳо шикояти маорифпарварон аз пастмаънавиятии ҷомеа дар даҳаи якуму дувуми садаи бист асоси ҷиддӣ дошт, балки дар зарфи панҷ-шаш даҳаи охир баъзе равияҳои дигаре ҳам, ки хилофи маънавиятанд, ба шуури мардум сахт таъсири манфӣ расониданд ва пастмаънавиятӣ боз ҳам афзуд. Аз ин рў он масъалаҳои рушди маънавию ахлоқии ҷомеа, ки маорифпарварон пеш гузошта буданд, имрўз боз бештар аҳамият пайдо кардаанд.
Пас лозим аст, ки барои эҳёи миллии тоҷикон аз омўзаҳои маорифпарварон бисёр чизҳо бигирем. Муҳимтар аз ҳама ба пиндори манда ин аст, ки барномаи навсозии маънавии шахс ва ҷомеаро, ки маорифпарварон гоҳ мушаххасан ва гоҳе тиратобу хиранамо тарҳрезӣ кардаанд, мо имрўз бояд идома бидиҳсм, аз рўи дархости замон такмил кунем ва амалӣ созем. Нахустин коре, ки маорифпарварон ба мо васият кардаанд ва мо бояд анҷом бидиҳем, барпо намудани ҷомеаи маънавибунёд аст, ки бақои умри миллатро таъмин хоҳад кард.
Оре, имрўз шароит чунон аст, ки дар бисёр мавридҳо маҳз ба роҳу равиши маорифпарварон қадам зада ба сарманзили мақсуд расидан имконпазир хоҳад буд. Онҳо гуё ба насли имрўз гуфтаанд:
«Мо худ нарасидем, ту шояд бирасӣ». Он марра, ки маорифпарварон нарасиданд ва мо бояд бирасем, ҳамоно аз устувор кардани одамият

ва инсофу адолат оғоз хоҳад ёфт, ки мақсади аслии даврони истиқлол ҳамин аст.

пешина
аз 351
навбатӣ