Хуросон аст ин ҷо

Аз ин рў чун асосҳои назариву фалсафии ҷадидия ва фаъолияти амалии ҷадидонро аз назар мегузаронем ва аз таҳаввули он сабақ омўхтан мехоҳем, набояд фаромўш кунем, ки бўҳрони иҷтимоъии оғози садаи бист ба ин ҷунбиш саҳву хатоҳо, ҳатто унсурҳои иртиҷоъӣ ворид оварда буд. Инро бояд аз ёд набарорем, зеро имрўз ҳам хавфи такрори ин хатоҳо ҳар лаҳза пеш омада истодааст.
6
Оқибати фоҷиаомези кори баъзе ҷадидон, ки ба хатоҳои фоҳиш роҳ доданд, бояд боиси ба чашми кам дидани маорифпарварӣ ва фаъолияти равшангарон нагардад. Маорифпарварӣ як ҷунбиши пурзўру густурдаи иҷтимоъиву фарҳангӣ буд, ки паҳлуҳои гуногун ва мухталиф дошта, гоҳ ақидаҳои зидди якдигарро дар бар гирифтааст ва бо мурури замон, бо дигар шудани вазъи иҷтимоъиву сиёсии Русия ё Осиёи Миёна гоҳ яке ва гоҳ дигаре аз тамоюлоти он бештар амал кардааст. Ҳаракати ҷадидия як рўйдоди бузурги мураккабест ва бо ҳама печидагиҳояш бояд баррасӣ шавад. Бисёре аз тамоюлоти маорифпарварӣ, бисёре аз дастовардҳои равшангарони Осиёи Миёна, аз ҷумла равшангарони тоҷик имрўз аҳамияти худро аз даст надодаанд.
Пеш аз ҳама гуманизми маорифпарварон, кўшиши онҳо барои бузургдошти инсон ва падид овардани моҳияти маънавии ҳаёти одамӣ, муборизаи фидокоронаи онҳо дар роҳи фарҳангу тамаддуни нав, маорифи муосир ва пешрафти ҷомеа дар мавриди худшиносии маънавию ахлоқии тоҷикон ва худогоҳии миллии онҳо нақши чашмрасе гузоштааст ва имрўз дар назари мо арзиши баланд дорад.
Ба вежа он навиштаҳои маорифпарварон, ки ранги як барномаи маънавиасоси навсозии ҷомеаро ба худ гирифтааст, имрўз аҳамияти ҷудогона касб намудааст. Баъзе аз осори Аҳмади Дониш, «Раҳбари наҷот» ва «Оила»-и Абдуррауфи Фитрат, чанде аз таълифоти Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Тошхоҷаи Асирӣ, Садри Зиё, Садриддини Айнӣ ва дигарон аз ҳамин ҷумлаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё