Хуросон аст ин ҷо

Дар ҳақиқат сипосгузорӣ дар пеши бузургон вазифаи инсонӣ ва миллист. Мирзо Сироҷи Сироҷӣ пас аз зиёрати мақбараи Саъдиву Ҳофиз навишта буд: «Ин ду бузургвор ҳаққи зиёде ба гардани миллат доранд. Вале мо адо карда наметавонем».1 Оре, ҳар дафъа ки ба роҳи худҷўиву худшиносӣ по мегузорем, бояд бикўшем, ки ба ҳоли бузургон бирасем, зеро асрори ҳастии инсону миллат дар зоти онҳо бештар ва гоҳ бо ҳама печу тобаш ғунд омадааст.
Оре, аз гуноҳҳои Фитрат ва баъзе ҷадидони дигар ҳаргиз набояд гузарем, ҳамеша онро гўшрас оварем, то ки наслҳои ҳозираву оянда чун панди талхи таърих ба гўш дошта бошанд. Вале масалан миёни Фитрат ва Файзуллоҳ Хоҷаев фарқ бояд гузошт. Файзуллоҳ Хоҷаев низ аз Бухоро, аз тоҷикон буд, лекин миллати тоҷик аз ў фақат гуноҳҳои азим, фақат хиёнат дид. Вай ба халқи худ хизмате накардааст, ки гуноҳҳояшро каме шўяд. Ў сарвари онҳое буд, ки соли 1920 лашкари шўравии Фрунзеро даъват карда, Бухороро бомбаборон ва ишғол кунонид. Пас худаш ба ноҳақ ҳукуматро ба даст гирифта, соли 1924 давлати Бухороро барҳам дода, ба Иттиҳоди Шўравӣ илҳоқ намуд, бо зулму заҷр тоҷиконро ўзбек нависонда, мактаб, матбуоту нашриёти тоҷиконро манъ кард ва ҳоказо.
Сабабгори асосии ин ки Бухорову Самарқанд аз Тоҷикистон берун монданд, низ ўст. Файзуллоҳ Хоҷаев хиёнаткорест, ки тавқи лаънат ба як умр ба гарданаш нишаста буд.
Ҷадидоне ҳам буданд, ки гоҳе дар сиёсат каҷравиҳо карда, баъд дар пеши миллат тавбаву тазаррўъ намуда, боз камари ҳиммат барои хидмат бастанд ва шояд каму беш аз гуноҳ тоза шуданд. Яке аз онҳо Фитрат аст. Шарти инсоф аст, ки хидматҳои Фитрат ва дигар
1 Мирзо Сироҷиддини Ҳаким. Туҳафи аҳли Бухоро. - Душанбе, 1992, саҳ.
199.
ҷадидонро, таълимоти бузурги равшангарии онҳоро низ фаромўш накунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё