Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сабабҳои ин дигардесиро ки худ як фоҷеаи рўҳӣ буд, эзоҳ додан душвор аст. Шак нест ки ин ҷо сабабҳои ҷиддӣ зиёд аст. Яке аз онҳо шояд гаравидан ба сиёсати дигарон, паноҳ бурдан ба лонаи пантуркизму болшавизм бошад.
Дар арафаи инқилоб чанде аз ҷадидон, ҳатто чанде аз сарварону назарияпардозони онҳо аз баъзе идеалҳои маънавии худ рў тофта дар роҳи ҳокимиятҷуӣ «дар арсаи сиёсати дигарон қарор ёфтанд», «рўҳӣ туркӣ, рўҳи ҷангҷўиву ҷанговариро барои амалӣ кардани фикри сиёсии худ ягона васила донистанд».1 Онҳо аз хусусияти аслии зеҳни тоҷикон - аз маънавиятҷўии анъании суннатӣ даст кашида, ба сиёсатгароии зўроварона рў ниҳоданд.
Дар ҳассостарин замоне бар хилофи хусусиятҳои асосии инкишофи таърихии халқ амал кардан, аз вежагиҳои зеҳни миллӣ, аз менталитети миллат чашм пўшидан ва ба фикри бегонагон гаравидани пешвоён метавонад миллатро ба роҳи хато барад ё ба зарбаҳои сахти таърих дучор оварад. Ба ин ҳақиқат аз оқибати кори баъзе ҷадидон бовар ҳосил кардем.
Чун ба сабаби ҷанги якуми ҷаҳон ва ба ларза омадани пояҳои импиротурии Русия дар фаъолияти ҷадидон омили сиёсӣ бартарӣ ёфтан гирифт, баъзеҳо рўи умед ба сўи пантуркизм оварданд. Аз ҷумла Фитрат солҳои 1910-1913 дар Туркия таҳсил карда фикраш ба заҳри пантуркизм олуда буд. Ў худ гуфтааст: «Чун фаҳмидам, ки панисломизм маънӣ надорад, аз паи фикри пантуркистӣ рафтам…
Зиндагӣ имкон надод, ки дар лонаи пантуркизм дер бимонам. Он гоҳ ба миллатгарои ўзбек табдил ёфтам. Солҳои 1917-1918 дар Осиёи Миёна ҷунбиши пантуркистӣ зўр гирифт. Хусусан дар Тошканд гурўҳҳои гуногуне ба вуҷуд омаданд, ки аз ғояҳои

1 Р. Шукуров. Оташе, ки Сиёвуш аз он гузашт, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат». 28 ноябри 1991, № 48, саҳ. 5.
пантуркизм ғизо мегирифтанд»1 ва Фитрат аз фаъолони баъзеи ин гурўҳҳо буд.

пешина
аз 351
навбатӣ