Хуросон аст ин ҷо

Пантуркизм чунин ҷараёни иҷтимоъиву сиёсӣ буд, ки барои амиқрафти худшиносии миллии халқҳои туркинажод, иттиҳоди миллии ҳар кадоме ва ҳамназдикии ҷамеи онҳо, барои қувват ёфтани муборизаи озодихоҳона ва зидди мустамликадорон нақше басазо дошта дар байни ин халқҳо аз рўи зарурати таърихӣ густариш ёфт. Вале чунонки борҳо таъкид шудааст, дар Туркистону Бухоро пантуркизм на танҳо ба муқобили мустамликадорон, балки инчунин бар зидди тоҷикон равона шуда буд.
Аз ин рў «аз паи фикри пантуркистӣ рафтани» Фитрат баробари рў гардондан аз мавқеъи маънавию ахлоқии пештараи худ буд.
Аҳмади Дониш дар «Меъёр-ул-тадайюн» аз зарурати пеш гирифтани «роҳи сулҳу муолатаф» (бо ҳам лутфу меҳрбонӣ кардан) дар байни мусулмонон, яҳудиён, масеҳиён, сунниҳову шеаҳо сухан ронда буд.2 Фитрат низ аз паи Аҳмади Дониш рафта, чанд бор зарурати созиши байни шеаву суннӣ ва зиндагии сулҳомези онҳоро таъкид намуда ва боре аз шеъри машҳури Саъдӣ ёд карда аз ягонагии аҳли башар сухан дар миён оварда буд. Чунончи гуфта буд:
Банӣ-одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
1 Фитрат. Ўртоқ Бойбулатовга очиқ хат, рўзномаи «Қизил Ўзбекистон», 1929, № 215-216, иқтибоси мо аз: Фитрат и неуместные кудры, маҷаллаи «Диалог», 1991, № 7, с. 70. Инчунин, ниг.: Фитрат. Бошқормага очиқ хат, «Қизил Ўзбекистон», 4 маи 1931, № 100.
2 Дар ин бора ниг.: Р. Ҳодизода. Аҳмади Дониш, саҳ. 86-90.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё