Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зидди омили маънавӣ рафтани яке аз омилҳо пайомадҳои ҳалокатбор метавонад дошт.
Чун донишмандон воқиаҳои баъди соли 1917-ро ба андеша гирифтанд, ба ин ҳақиқат чандин бор бовар ҳосил шуд.
Ақидаҳое, ки инқилоб пеш ронд, чунончи моддиёт ва ҷанбаи синфию табақотиро асоси ҳастӣ донистан ва аҳамияти маънавиятро инкор кардан хилофи таълимоти Аҳмади Дониш ва дигар маорифпарварон буд, аз ҷумла бар хилофи фаҳмиши Абдуррауфи Фитрат рафт, ки таъкид кардааст: «Ҳаёт амри маънавист». Атеизму бединии ҷангҷўёна, ниҳилизми таърихию фарҳангӣ боиси инкори арзишҳои башарӣ гардида, ҳаёти маънавиро аз беху бун хароб кардан гирифт.
Идеологияи шўравӣ синфу табақаҳои ҷомеаро ба ҳамдигар ҷанг андохт ва ба зудӣ баъзеи онҳо аз байн рафтанд. Ин чанги синфӣ ва сари якдигар хўрдан хилофи идеалҳои маорифпарварон омад, зеро дар пиндорҳои хаёломези онҳо ояндаи ормонӣ як ҷомеаи мутамаддини баробарию бародарӣ ва ҳамкорӣ тасаввур мешуд, ки ҳама барои якдигар кор мекунанд:

Хурсанду шод хайли халоиқ ба ҳар тараф,
Аз илми худ расонда ба кайҳон сари шараф.
Аҳвол алассавост ба ҳар асру ҳар замон,
1
Ашхос ҷумла якдилу якрўҳу якзабон.

Пас аз андак муддат муборизаи шиддатафзои синфӣ умеди бар по кардани чунин ҷомеаи идеалиро бар боди фано дод.
Аҷобат дар ин аст, ки ин инқилоб ба вежа дар Бухоро бо иштироки фаъолонаи бисёр ҷадидон рўй дод ва қариб ҳама равшанфикрон онро бо мамнунияти тамом пешвоз гирифтанд. Дар

1 Хатоии Самарқандӣ. Саёҳати фохта. «Оина», 1914, 17 май, № 30, саҳ. 592- 593, иқтибос аз С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, саҳ. 555, дар байти дувум «алассаво» ба маънои баробарист.
натиҷа баъзе аз аҳли зиё баъди инқилоб кам ё беш аз рўи идеалҳои олии маънавию ахлоқие, ки худи онҳо ё андешапарварони гузашта пеш ронда буданд, ба дасти худ хати бутлон кашиданд.

пешина
аз 351
навбатӣ