Хуросон аст ин ҷо

5
Инқилоби октабри 1917 дар Русия ва инқилоби Бухоро дар соли 1920 имкон надод, ки маорифпарварон ҷустуҷўҳои иҷтимоъиву фалсафии худро ба ҳамон ҷиддият, ки доштанд, пайгирӣ кунанд, барномаҳоеро, ки тарҳрезӣ карда буданд, амалӣ намоянд. Маорифпарварӣ ҷавонмарг шуд ва натавонист рисолати таърихии худро то охир адо кунад.
Мутаассифона, чанд гоҳе пеш аз инқилоб амалӣ нашудани баъзе моддаҳои таълимоти маорифпарварӣ дар фаъолияти ҷадидон ба мушоҳида омадан гирифт. Масалан ба чанде аз онҳо муяссар нашуд, ки ягонагии се омили пешрафти ҷомеа - омили маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро қатъиян риоя намоянд. Гоҳ дар назариёту амалиёти онҳо мабонии иқтисодӣ бартарӣ меёфт. Дар замони ҷанги якуми ҷаҳон, ба вежа баъди инқилоби феврали соли 1917 дар фаъолияти бисёр ҷадидон омили сиёсӣ боло гирифт.
Табиъист, ки чун ҷанги ҷонкоҳ ба пояҳои импиротурӣ сустӣ овард, ба хусус баъди сарнагун шудани подшоҳ ва ҷумҳурият ёфтани Русия дар дили мардумони мустамликаҳо, аз ҷумла дар Осиёи Миёна умеди озодӣ ва истиқлоли миллӣ пайдо шуд. Дар ин шароит фаъол шудани омили сиёсӣ дар ҷунбиши ҷадидия ҳодисаи қонунманде буд. Ҷадидони миллатпарвару ватандўст аз зиён дидани иқтидори истеъморгарон шод гардида, муборизаи озодихоҳии миллатро қувват додан хостанд. Муборизаи маорифпарварӣ ба вежа дар Туркистон бо суръат ранги сиёсӣ гирифт.
Дар баъзе аз шароити таърихӣ, дар бархе аз давраҳои инкишоф мумкин аст, ки яке аз омилҳои сегона аҳамияти вежа пайдо кунад ва нисбат ба ду омили дигар фаъол шавад. Вале ин бартарии муваққатии як омил набояд бо қатъияти тамом зидди омилҳои дигар, ба хусус зидди мабонии маънавӣ равона гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё