Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
омадем. Шишаҳои мағозаҳои канори хиёбони Ленин (Рӯдакии ҳозира) шикаста буданд, як-ду мағоза сӯхта, хокистар шуда буд.
Дар рӯ барӯи Фурӯшгоҳи марказӣ мағозаи «Ҷавоҳирот» буд, ки намоди пулу тиллову сарват дар шаҳр буд. Шишаҳои шикастаи тирезаҳои ин мағоза низ аз бесарусомониҳои дирӯза дарак медод. Вақте мо ба майдон расидем, пас аз нисфирӯзӣ буд. Дар майдони назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист издиҳоми бузурги одамон ҷамъ шуда, ба наздашон баромадани Қаҳҳор Маҳкамов – котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизб, дар амал роҳбари ҷумҳуриро талаб мекарданд. Он вақт пеши бино панҷараҳои оҳанӣ надошт ва ҳавлии пеши бино то назди зинаҳояш аз одам пур буд. Дар пеши дари даромадгоҳ милисаҳо қатор меистоданд. Аз тирезаҳои ошёнаи дувум тоскулоҳҳои сарбозон менамуданд. Як замон дари бино аз дарун кушода шуд ва аз дохили бино як гурӯҳ одамон бо сарулибоси идорӣ ва галстук баромаданд. Онҳо ду қатор шуда, дар байнашон як роҳрав сохтанд. Аз ин роҳрав Маҳкамов баромад. Ман акси Маҳкамовро дар рӯзномаҳо дида будам, ки ӯ чеҳраи хотирмоне дошт. Вале дидани нафари аввали ҳукумати ҷумҳурӣ бароям ҷолиб буд ва бо иштиёқ сухани ӯро шунидан мехостам. Вақте ӯ намоён шуд, доду ғиреви мардум якбора баланд шуд. Маҳкамов пеш баромада, дасташро бардошта, хомӯшӣ талабид. Ҳамин замон аз тӯда ба сӯяш як калӯш парид. Ҳамроҳонаш зуд пешашро бастанд ва чи тавре ки аз дар баромада буданд, ҳамон тавр баргашта, даромада рафтанд. Шояд сару сардори муайян надоштани тӯда сабаб шуд, ки то ҳол баромада ҳисобот додани Маҳкамовро талаб кунад ҳам, хушунат иҷозат надод, ки ӯ ҳарфашро занад.
Мо камтар истода тамошо кардем. Чун ҳаво сард буд, оҳан ги рафтан карда, ба сӯи истгоҳ равон шудем, ки дар роҳ Аб дулҳакимро вохӯрдем. Ӯ ваҳшатзада буд ва нақл кард, ки вақте аз рӯи пули кӯчаи Путовский ба боло меомад, зиреҳпӯше бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё