Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мулло-ака, шонздаҳсӯмӣ биёред, худам мегирам, - гуфт фу рӯшанда. Дар Самарқанд ба шахсе, ки номашро надонанд, «Мулло-ака» гуфта, муроҷиат мекунанд.
– Агар биёрам чӣ? - мазоҳ кардам ман.
– Биёред, намеёбед, - ҷиддӣ ҷавоб дод савдогар.
– Чанд ҷуфт биёрам мегиред? - ва идома додам шӯхиро - би ёрам аз гапатон нагардед?
– Гапи мард якто, - даст дод фурӯшанда.
Мо бозорро чарх зада, ба хиёбон баромадем. Ногоҳ дар ка нори роҳ як умдафурӯшро дидем, ки мизе гузошта буду аз ҳа мон кафшҳо мефурӯхт. Наздик шуда дидем, ки ҳамон кафшҳоро 15 сӯмӣ мефурӯшад.
– Чанд сӯм арзон мекунед? - аҷабам омада пурсидам ман.
– Чордаҳӣ гиред, - гуфт ӯ. Ман ба интихоби кафш андармон шуда, куҷо рафтани Абдулҳакимро надида мондам. Баъд аз фур сате ӯ пайдо шуда маро канор кашиду гуфт:
– Ман рафта гапзанон кардам, даҳ ҷуфт мегирад, - тез-тез на фас кашиданаш аз давиданаш дарак медод.
– Киро гапзанон кардӣ? - сарфаҳм нарафтам ман.
– Ҳамон фурӯшандаро, понздаҳунимӣ, - чашмонаш барқ мезаданд.
Ман ба умдафурӯш рӯй овардам:
– Бисёр гирам чандӣ медиҳед, мулло-ака?
– Чордаҳ ҷои шудаш, ҳамон ҳам барои Шумо! - ҷавоб дод ӯ.
– Агар арзон мекардед, даҳ ҷуфт мегирифтам, - оҳанги рафтан кардам ман. Дар бозор агар нархро арзон кардан хоҳед, ба мол хеле рағбат нишон надиҳед.
– Чандӣ мегиред? - маро раҳо карданӣ набуд умдафурӯш.
– Сездаҳӣ, - ба сездаҳуним розӣ будам ман.
– Майлаш, сездаҳунимӣ гиред, - хости дили маро гуфт умда фурӯш.

пешина
аз 253
навбатӣ