Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
бо вуҷуди пешрафти илму дастрасӣ ба интернет, ҳамчунон бовар ҳои хурофотӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ, бахусус Осиёи Миёна хеле ривоҷ доранд.
Вале баъзан иттифоқоте меуфтад, ки ҳатто илми рӯз аз таф сираш оҷиз аст.
Боре тобистони соли 1991, пас аз баргаштанам аз Ҳинд ҳамроҳи бародарам Абдуҳалим барои муҳиме бо мошини падарам ба бозори Панҷекат рафтем. Ман ронандагӣ мекардам. Роҳи бозгаштан, вақте ки аз деҳаи Сӯҷина мегузаштем, Абдуҳалим ба ман як хонаро нишон дода гуфт, ки ин хонаи як фолбин аст, ки фолҳояш дуруст мебароянд. Ман, ки ба шарлатанҳо бовар надорам, ӯро ба масхара кашидам, ки ба ин гуна фиребгарон бовар мекунад. Ӯ воқеаи аҷиберо бароям нақл кард.
Чанд сол пеш ҳамроҳи ҳамсинфаш Мурод ба назди ин фолбин рафта будааст. Онҳо ҳамроҳ рафта бошанд ҳам, асосан бародари ман Абдуҳалим ба фолбин кор доштааст. Мурод ҳамин тавр бо ӯ ҳамроҳ рафтааст. Он замон аз издивоҷи Абдуҳалим чанд сол гузашта бошад, ҳам фарзанд наёфта буд ва мехостааст аз фолбин хоҳиш кунад, ки пешомади ӯро фол бинад. Вале фол бин ба ӯ хеле аҳаммият надода, ба Мурод часпидааст ва ба ӯ саволи зиёд додааст. Муродро фол дида, ба ӯ гуфтааст, ки ӯ рӯи ду издивоҷро мебинад. Вақте Мурод ба ғазаб омада, ҷавоб додааст, ки ӯ оиладор аст ва нияти ҷудо шудан ё аз нав зан гирифтан надорад, фолбин ба ҳарфи ӯ аҳаммият надода, ба ӯ бо исрор тавсия додааст, ки чанд зиёратгоҳро дар ҷануби кишвар зиёрат кунад. Абдуҳалим мегуфт, ки мо барои ман рафта бошем ҳам, фолбин ба ман кам аҳаммият дода, ба Мурод сахт часпид ва то дами дарвозааш гусел карда, гаштаю баргашта бо исрор хоҳиш мекард, ки зиёрати он бузургонро фаромӯш накунад.
Мурод аз назди фолбин хеле асабонӣ берун омада, ҳарфҳои ӯро ҷиддӣ намегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё