Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
пӯшиши бом расида буд, бо ҷузъиёти густарда нақл кард. Дасташро пок карда истода:
– Писари тағо, барои рӯйпӯш кардани бом, дуто шифер намерасад, ман омадам, ки ҳамин ду шиферро аз шумо қарз кунам, - гуфта, ниҳоятан баъд аз кулли он тафсилот, ки ба ин ду шифер рабти ногусастанӣ дошт, мақсадашро баён кард.
Падар, ки дар тӯли ин ҳама вақт фақат як бор, ҳини мурооти хӯрок лаб кушода буданд, ба ман:
– Хез, рафта ба Абдулаҳад ду шифер те, - гуфтанд.
Худашон, пиёлаи чойи наздашонро нӯшида:
– Хезед, Абдулаҳад, шиферҳоро гиреду рафта боматонро пӯ шонед, - гӯён даст ба рӯй кашида, бархостанд.
ФОЛБИН
Хурофот бештар зодаи ҷаҳолати инсон ва тарси ӯ аз пади даҳои табиист. Одамон аз сабаби он ки омилҳои ба вуҷуд омадани офатҳои табииро намедонистанд, онро ба қувваи фавқут табиӣ нисбат медоданд. Масалан, мегуфтанд, ки соле, ки дар осмон ситораи думдор барояд, соли наҳс аст ва ҳатман бадбахтӣ меорад. Ё ҳамин гирифтани офтобро фоли бад медонистанд.
Ба дуохониву тумор барои шифо ёфтан бовар доштанд.
Бибии модариям мегуфтанд, ки тақдири ҳар кас рӯзи таваллуд шуданаш дар пешонияш навишта шудааст ва аз он ҷои гурез нест. Ба шубҳаи ман, ки мегуфтам пешонӣ китоб нест, ки ҳамаи ҳаёти одамро дар он навишта шавад, мегуфтанд, ки он бо хати хурд навишта мешавад ва ҳатман ҷойгир мешавад.
Баҳсу шубҳаи бештар ғазаби бибиямро меовард, ки ҳатто метавонистанд аз хонаашон пеш кунанд.
Дар замони шӯравӣ сатҳи хурофот каме поён буд, вале баъд аз фурӯпошӣ сатҳи таассубу хурофот боло рафт ва ҳоло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё