Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Абдулаҳад ба сухан идома дода, аз таваллуд то ба камол ра си дани ҳар фарзандашро ҳам баён кард. Ба сари зангирии пи са ронаш расида, хонадор кардани ду писари аввалинашро бо ҷузъиёти том ва тавсифи хонаводаҳои арӯсон гуфт. Хӯроки на ҳор ҳам омода шуд ва ман онро оварда рӯи дастархон гузоштам. Падарам:
– Ба хӯрок нигоҳ кунед, Абдулаҳад, - гуфта муроот карданд.
– Аввал Шумо, Шумо бузурги авлоди моед, «Об аз хурд, хӯ рок аз бузург» гуфтаанд, - ҷавоб дод Абдулаҳад.
Ин масъала, ки кӣ бояд аввал хӯрдани ғизоро сар кунад, дар Панҷрӯд як масъалаи бисёр муҳим аст. Баъзан сари ин масъала баҳсҳое ба амал меояд, ки хӯрдани ғизоро хеле ақиб меандозад. Хушбахтона, ин ҷо вақт хеле коҳилона ҳаракат мекунад ва одамон ниёзе ба шитоб надида, сари баҳсҳои ба назарашон хеле муҳим чӣ қадр лозим бошад, вақтро дареғ намедоранд.
Падарам дар идомаи баҳс исрор накарда:
– Хайр, гиред, - гӯён даст ба табақ бурданд.
Амаки Абдулаҳад ба болиш такя зада, ба хӯрдани оши палав оғоз кард, вале ин ба суҳбат карданаш халал намерасонд.
Ҳа моно, қиссаро аз ҷои канда шудааш идома дод ва гуфт:
– Ду келин дар як хона рост намегиранд, ҳавлиямон ҳам хеле калон нест. Хислатҳои занҳои писаронашро ҳам як-як баршу мурд. Муносибати онҳо бо модаршӯяшон – зани худашро ҳам баён намуд. Ба истилоҳ «бистарафшонӣ» мекард. Аз он бар меомад, ки ин се оила дар як ҳавлӣ дар фазои тоқатфарсое бо ҷангу ҷидол ва хархашаи ҳаррӯза зиндагӣ мекунанд.
– Аз ҳамин сабаб, ният кардам, ки дар ҳамин қитъаи замин, ки ба ман соли гузашта доданд, кулбае бино карда, якеашро ҷудо кунам. Албатта, аз ҷузъиёти моҷарои заминҷудокунӣ низ моро ба тафсил хабардор кард. То ба охир расидани ошхӯрӣ қиссаи сохтмони хонаи навро низ, ки кораш то марҳалаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё