Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
монда буд, ки Абдулаҳад – писараммаи падарам аз дарвоза даромад. Мувофиқи расми маъмул, баъд аз салому аҳволпурсӣ, падарам ӯро ба як пиёла чой даъват карданд. Мо ба рӯи тахткат, ки дастархонаш доим омода ва то омадани меҳмон бо як пардаи ҳарир рӯйпӯш меистод, баромада нишастем. Охир, мардуми Панҷрӯд ба хонаи ҳамдигар мисли хонаи худашон, ҳар вақт ки хостанд, мераванд ва ҳеч гоҳ пешниҳоди «як пиёла чой»-ро рад намекунанд. Аз ин сабаб дар хонаҳо дастархонҳоро ҷамъ намекунанд, балки барои меҳмони хондаву нохонда омода нигоҳ медоранд.
Вақте мо сари хон нишастем, Абдулаҳад гап сар кард:
– Абдулҳамид, писари тағо, ман бо як кори муҳимме наздатон омадам, агар корамро буд кунед, хурсанд мешавам. Шумо ба ман писари тағо, наздиктарин касед. Агар дар ин дунё ба наздикон такя накунӣ, ба кӣ такя мекунӣ? Худатон медонед, ки ман аз баччагӣ сағир мондам, бо азоби зиёд калон шудам. Хуб медонед, ки худораҳматӣ аммаатон бо чӣ машаққате моро тарбият карданд, - садояш ларзид. Баъд шаммае аз ранҷу кулфати дар хурдсолӣ кашидааш нақл карду як пора нонро ба даҳон андохта, ба қиссаи ҷавонӣ ва зангирияш гузашт. Зани аввалиашро сифат карду аз марги нобаҳангомаш афсӯсу надомат баён кард ва ҳатто овозаш ларзида, наме ҳам дар дидагонаш пайдо шуд. Баъд ба қиссаи зангирии дувумборааш пардохту гуфт:
– Ҳар мард дар ҳаёташ бояд фарзанди накӯ ба дунё биёрад, номи хуб диҳад ва ӯро хонадор кунад. Ин ҷо аз пиёла чойро бо садои баланд ҳӯрт кашиду ба суханаш идома дод.
– Шукри худо, аз ин зан ба ман даҳ фарзанд ато кард!
Дар суханаш инҷо оҳанги ифтихор эҳсос мешуд. Гӯё, хизмати бузурге ба одамият карда бошад. Мо, тоҷикон дар назди башарият масъулияти хосе ба ӯҳда гирифтаем, фикр мекунем, ки агар ҳар падар даҳто фарзанд накунад, тухми инсон аз дунё пок мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё