Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман Мурод ва аҳли оилаи онҳоро хуб мешинохтам. Мурод набераи ҳамон Бобои Элдӣ буд, ки бо бобои ман хирманкӯбӣ мекард ва ман бо падари ӯ як сол дар Заврон кор кардаам.
Воқеан, пас аз муддате Мурод сари кадом масъалаи хурде бо занаш ҷанҷол карда, сари хашм ӯро талоқ дод. Баъд аз кардааш пушаймон шуда, занашро дубора никоҳ карда гирифт, ки ин дар Панҷрӯд ба ҳама маълум аст. Абдуҳалим, ки бо Мурод робитаи дӯстии наздик дошт, пешгӯии фолбинро ёдовар шуда, Муродро ташвиқ мекунад, ки ба зиёрати он мазорҳои фолбин тавсия дода биравад ва назре бикунад, вале Мурод ҳамоно парво накардааст.
Бо гузашти муддати кӯтоҳи дигар Мурод ба сисолагӣ нарасида, як рӯз сари хӯроки шом, бе ҳеч маризие, дар сари дастархон сарашро ба зонуи модараш гузошту ҷон дод, ки Абдуҳалим онро ба ҳамон фоли фолбин ва беэътиноии ӯ рабт медод.

ҚИССАИ ҚАБУЛ ШУДАНАМ
БА ДОНИШГОҲ

оли охири мактаб ман қарор кардам, ки барои хон-
Сдан ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии
Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хоҳам рафт. Чун шавқам ба
соҳаи забону адабиёт бештар буд ва дар ин факулта забонҳои
хориҷӣ омӯхта мешуданд, беҳтарин гузина бароям ҳамин факулта менамуд. Ман дар дилам орзуи дипломат шудан доштам
ва ба андешаи ман, донистани забони хориҷӣ ин имконро ба
ман медод, ки ба орзуям бирасам. Сабаби дигари ин шуъбаи
до нишгоҳро интихоб карданам ғурури баччагиям низ буд. Он
солҳо ин шуъбаи донишгоҳ хеле шуҳрат дошт ва довталабони
зиёд ба он ҳуҷҷат месупурданд, ки ба як ҷой 10-15 нафар рост

пешина
аз 253
навбатӣ