Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Кал рафт ба масҷид.
Фаҳш* дод ба мулло,
Табарҳоро тез кунед,
Сари* калро пӯст канед.
Садои қаҳ-қаҳи нишастагон фазоро тарконд.
Бобоашӯр бо ифтихор ба ҳозирон нигоҳ мекард, бечора зо ҳиран маънии шеърро нафаҳмида буд.
КОЛХОЗ
ун дар ҳикояти мо чандин бор аз колхоз ёд шуд, бад Чнест сайри таърихие ба пайдоиши он бикунем, бахусус, ки ин шакли моликият дар ҳаёти мардуми мо падидаи нав буда, таъ сири амиқе ба зиндагиву фарҳанг гузоштааст.
Колхозҳо (хоҷагиҳои ҷамъиятӣ) охири солҳои бистум, аввали солҳои сиюми асри гузашта ташкил шудаанд. Қарори ташкил кардани колхозҳоро ҳукумати Шӯравӣ дар пайи лағви «Сиёсати нави иқтисодӣ» содир карда буд.
Вақте дар Русия болшавикҳо инқилоб карда, ҳокимиятро ба даст гирифтанд, кишвар дар натиҷаи ҷанги якуми ҷаҳонӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҳоли баде қарор дошт. Ба ҳукумати нав таъсис лозим меомад, ки якбора дар чанд ҷабҳа биҷангад.
Ҷанг бо Лаҳистон, ҷанг бо Ҷопун ва ҷанги дохилӣ сарфи зиёд металабид. Аз ин сабаб, ҳукумат сиёсати Коммунизми ҳарбиро тайи солҳои 1918-1921 ҷорӣ карда буд, ки тибқи муқаррароти он, деҳқонон маҷбур буданд тамоми ҳосили худро ба давлат
*.Вожаҳои«фаҳш»ва«сар»дармисраъидувумвачорумивазшудаанд,зерооварданионузвибадан,кидараслазсӯйиБобокалонхондашудабуд,азрӯиодоб нест.Муаллиф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё