Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бис поранд. Ин сиёсат соҳаи кишоварзиро ба нобудӣ кашид ва дар натиҷа ба зиддият ва шӯришҳои деҳқонон овард. Аз ҳамин сабаб, Ленин – раиси Шӯрои Комиссарҳои халқ, ки ҳукумати марказӣ ба ҳисоб мерафт, дар кунгураи даҳуми ҳизби коммунист қарори Сиёсати нави иқтисодиро, ки дар асл бо доктрини коммунистӣ мухолиф буд, қабул ва ҷорӣ кард. Ин сиёсат дар солҳои 1921-1927 рӯи кор буд ва моликияти хусусӣ дар соҳаи кишоварзиро иҷозат медод, дар ҳоле, ки доктрини марксизм вуҷуди моликияти хусусиро қатъан иҷозат намедиҳад. Тибқи ин сиёсат, кишоварзон метавонистанд қисми маҳсулоти тавлидкардаашонро дар ихтиёри худ нигоҳ доранд, ки дар натиҷа хоҷагиҳо рушд карда, соҳаи кишоварзии ба нобудӣ расида барқарор гардид.
Вале аз рӯзи пайдоишаш, кишвари Шӯравӣ аз сӯи олами сармоя дар инзиво қарор дода шуда буд. Ҳеч сармоядору бонк омода набуд, ки дар ин кишвар маблағгузорӣ кунад ва Иттиҳоди Шӯравӣ торафт аз кишварҳои дигар, ки босуръат саноатӣ мешуданд, қафо мемонд. Барои Сталин – роҳбари шӯравӣ пули зиёд лозим буд, ки кишварро саноатӣ кунонад. Чун иқтисоди кишвар кишоварзӣ буд, ӯ қарор кард, ки ин сармояро ҳамин соҳа бояд бипардозад. Ӯ фармон дар бораи ҷамъиятикунонии воситаҳои истеҳсолот ва заминро содир кард, ки сабабгори бадбахтии бештари тамоми халқҳои сокини Шӯравӣ гашт.
Аз як сӯ, муборизаи беамоне зидди заминдору сармоядорон ва босаводон ба роҳ андохта шуд, ки дар натиҷаи он мил лионҳо нафарро ба Сибир бадарға карданду куштанд. Ин мазлумон қувваи созанда ва пешбарандаи ҷамъият буданд, таҷрибаи мудирияти иқтисод ва танзими ҳаёти ҷомеаро доштанд. Танҳо гуноҳашон ин буд, ки замину сармоя доштанд ва саводнок буданд. Сиёсати дурбинона ва хирадмандона метавонист аз таҷрибаи онҳо барои ободии кишвар суди бамаротиб бештаре ба даст орад. Аз сӯи дигар, хоҷагиҳои ҷамъиятиеро,

пешина
аз 253
навбатӣ