Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мешавам. Муаллимамон доим аз ман талаб мекарданд, ки зодномаатро биёр, вале волидон боз ҳам зодномаамро намедоданд ва ниҳоят рӯзе падарам фармуданд:
– Ба муаллим гуй, ки худи падарам меоранд.
Муаллим дигар напурсиданд ва ман соли аввалро хондам.
Шаҳодатномаи таваллудамро соли дигар, ҳангоме ки ба синфи дувум рафтам ба мактаб доданд. Вақте муаллимон диданд, ки соли ман нав ба синни мактаб расидааст, маро бурданду аз нав дар синфи якум ҳамроҳи бачаҳое, ки нав ба синфи як рафта буданд, шинонданд. Ман, ки хондану навиштанро ёд гирифта, ҳамаи дарсҳои синфи якро гузашта будам, дигар хондан дар ин синф бароям ҷолиб набуд, бархостаму рафтам ва дар синфи дувум ҳамроҳи ҳамсинфонам нишастам. Маро мебурданду дар синфи якум мемонданд, аммо ман боз меомадаму ҳамроҳи ҳамсинфони худам менишастам. Ёдам ҳаст, бори охир муаллим аз гӯшам кашола карда, маро ба синфи як бурданд, вале пас аз лаҳзае бо чашмони ашколуд баргашта, ба ҷои худам нишастам.
Чун диданд, ки ман исрор кардам ва нисбат ба шарикдарсон фаъолтару пешсафтар низ будам, дигар маро ба ҳолам гузоштанд ва ман бо ҳамсинфони аввалии худам хонданро идома додам.
Баъдҳо, дар мактаб маро, ки дар дарсҳо каме фаъол ва аз ҳам солон пешсафтар будам, муаллимон ба дигарон намуна нишон медоданд ва баъзан баҳои баланде, ки ба он сазовор на будам, мегузоштанд. Дар натиҷа, ман ба дониши худам аз будаш зиёд эътимод доштаам, ки ин дар аввалин имтиҳони до хилшавӣ ба мактаби олӣ маълум ва ба ман дарс шуд.
Соли дувуми таҳсилам, дар мактаби деҳа саҳнае аз «Мактаби кӯҳна»-и устод Садриддин Айниро ба намоиш гузоштанд. Чун ман бачаи хурдҷусса ва лоғарандом ва ба тасвири устод мувофиқ будам, нақши Садриддини хурдсолро ба ман супурданд. Асосан, нақши ман аз он иборат буд, ки худро ба канор кашида, мисли соя дар девор нақш шавам, то чӯбдасти мак табдор, ки

пешина
аз 253
навбатӣ