Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ман, ки табиатан кунҷковам, аз онҳо ҳарфҳоро мепурсидам ва ҳа маи ҳарфҳоро шинохта гирифта будам. Вақте ба синфи як рафтам, аз ҳамсинфонам каме пеш будам. Онҳо нав бо ҳарфҳо шинос мешуданд, вале ман аллакай хонда метавонистам. Ёд до рам, он замон як рӯзномае бо номи “Ҳақиқати Ленинобод” чоп мешуд. Номи ин рӯзнома бо ҳарфи «л»-и бузург навишта мешуд ва аз паси он дар ду сатр боқии ном меомад. Ман онро «Лҳақиқати Ленинобод» мехондам, ки боиси завқи ҳама мешуд.
Падару модарам маро бо ифтихор ба меҳмонон нишон медоданд, ки бибинед писари мо ҳанӯз ба мактаб намераваду хонда метавонад. Ҳама аҳсант мегуфтанду ман боз бештар шавқманди хондан мешудам.
Ман дар шашсолагиям ба мактаб рафтам. Мактаби миёнаи деҳаи Панҷрӯдро хондаам, ки замони мактабхонии ман онро мактаби рақами 27 меномиданд. Мо – бачаҳо, рашк мекардем, ки Устод Рӯдакӣ ҳамдеҳаи мост, вале мактаби деҳаи Кулолӣ ба номи устод Рӯдакист. Ба қавле, замоне як нафар зодаи деҳаи Кулолӣ корманди масъул будааст ва маркази ҷамоату мактаби даҳсоларо дар деҳаи худаш сохта, номи Устодро ҳам ӯ ба мактаби деҳааш гузоштааст. Баъдҳо, кулолиён мактабашонро ба номи як ҳамдеҳаи худашон гузоштанд ва панҷрӯдиҳо фурсатро ғанимат дониста, зуд мактаби деҳаро ба номи бобояшон гу зоштанд ва «ҳақ ба ҳақдор расид». Ин таърих дар қиссаи «Рӯ дакӣ. Зиндагӣ ва марги дигар»-и нависанда Қодири Рустам хеле ҷолиб ба қалам дода шудааст.
Дар замони Шӯравӣ аз синни ҳафтсолагӣ ба мактаб мегирифтанд. Ман ҳанӯз ҳафтро пур накарда будам, вале хеле ба хон дан ва мактаб рафтан шавқ доштам, аз ин сабаб волидон иҷозат доданд, ки синнам нарасида бошад ҳам, ба мактаб равам. Падару модарам шаҳодатномаи таваллуди маро ба мактаб надоданд, шояд фикр мекарданд, ки агар ба ҳафт нарасиданам ошкор шавад, маро аз мактаб берун мекунанду ман дилшикаста

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё