Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кардам, ки рӯ-рӯи роҳи оҳан равам, бехатар аст. Роҳи мошин хатарноктар аст. Аз рӯи чӯбҳои роҳи оҳан давидан душвор буд.
Аз канори роҳ медавидам, вале канори роҳ пур аз кӯлмакҳо буд, ки ҳар лаҳза ба онҳо меғӯтидам. Сагҳои мардум аз паси деворҳои симтӯрӣ ба ман ҳамла мекарданд. Ман ба онҳо нон партофта ором мекардам. Баъзеяш хеле хашмин буданд, хушбахтона, тӯри симин онҳоро нигоҳ медошт.
То даромадгоҳи Душанбе расам, хонаи хешамон – акаи Абдусалим даромада пинҳон мешавам. Латтаҳои кафшҳоям канда шуданд. Кафшҳоро ба дастам гирифтам. Пойҳоям хуншор шуданд, вале дардро эҳсос намекардам. Медавидам.
Ба дари хонаи Абдусалим расида, оҳиста тақ-тақ кардам.
Аз баланд кӯфтани дар метарсидам, умуман аз ҳар садое якқад ме паридам, фикр мекардам, ки маро таъқиб мекунанд. Пушти дар садои хиш-хишро шунида, овоз додам:
– Акои Абдусалим, ман Абдулҳаким, аз дасти боевикҳо гурехтам, зудтар дарро кушоед, маро панаҳ кунед.
Садои пасти суҳбат аз паси дар шунида мешуд, ду нафар баҳс мекарданд, шояд ба хулосае омаданд, ки ба ман паноҳ додан ба ҷони худашон хатар меорад. Чанд бори дигар садо дода бошам ҳам, дигар дар он сӯи дар хомӯшӣ ҳукмфармо шуд.
Дари ҳамсояи рӯбарӯро кӯфтам, садое наомад. Лаҳзае ноумед нишастам. Ман инҷо зиёд вақт талаф карда наметавонистам.
Ҳар лаҳза таъқибгарон метавонистанд бирасанд. Медавам, то ҳавлӣ, - қарор кардам ба худам.
Субҳи козиб буд. Ба километри ҳафтуми роҳи Душанбе- Ваҳдат расидам. Девор пеши роҳамро гирифт. Ночор ба роҳи мошин баромадам. Аз дур дидам, ки ду милиса дар посгоҳ истодаанд. Аз канори роҳ хам шуда мерафтам, ки чашми онҳоро хато кунам. Якеш ба сӯи ман гашт. Худамро ба ҷӯйбори канори роҳ партофта, руст шудам, вале ӯ маро дида будааст, ки ба болои сарам омада, «бархез» гуфт. Хестам, «аз куҷо омадӣ?

пешина
аз 253
навбатӣ