Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баромада, лойпораро гирифта фароварда, ба замин гузоштам, баромада аз равзана ба берун нигоҳ кардам, касе набуд. Баландии девор тақрибан се метр буд. Агар аз ин баландӣ худамро партоям, ҳатман садои афтиданамро шунидани нигаҳбон мумкин буд ва ғайр аз ин, пойҳоям метавонистанд осеб бинанд.
Аз равзана бояд ё бо сар берун мехазидам ё бо пой. Фикр кардам, ки ҳатман бо сар бояд берун хазам, то ки атрофро зери назорат дошта бошам. Бо оҳани дастаи тахт як ҳалқаи занҷирро тоб дода, кушода тайёр карда будам. Оҳани дастаи тахтро дар дохили равзана устувор карда, занҷирро ба он баста, аз равзана берун овезон кардам ва бо сар берун хазида, аз занҷир дошта, пойҳоямро аз равзана берун кашида, овезон шудам ва худамро оҳиста ба замин партофтам. Нимхез ба даруни алафҳо даромадам ва дуқат шуда, бесадо аз он ҷо дур шудам. То дуртар ме рафтам, суръат меафзудам. Давидаравон, якбора ба роҳи мошин баромадам. Фикр накарда, ба тарафи рост давидам, вале баъд аз лаҳзае дидам, ки роҳ боло меравад. Ман бояд ба поён равам, на ба боло, фикр мекардам ман, вале ҳанӯз ҳам медавидам. Ин вақт нишони роҳнамоеро дидам, ки Чиртак навишта шуда буд. Аслан намефаҳмидам, ки дар куҷостам. Чиртак номеро намедонистам. Вале, баргашта аз канори роҳ ба поён давидам. Давида-давида, ба нишонаи дигари роҳ расидам, ки Кофарниҳон навишта шуда буд.
Ман дар Шаҳртус набудам! Дар Орҷоникидзеобод будам!
Акнун, фаҳмидам, ки дар куҷоям. Бояд ҳамагӣ 18-20 километрро тай мекардам, то ба Душанбе расам. Шаб аз ним гузашта буд. Ҳамагӣ 4-5 соат вақт доштам. Баъд, гурехтанам ошкор мешуд. Албатта, онҳо пайгирӣ мекунанд!
Давидам. Ҳама имкониятро баррасӣ мекардам. Дар сари пули Кофарниҳон посгоҳи милиса буд. Бо роҳи мошин набояд рафт. Дастгир мекунанд. Баргашта, бо соҳили дарё ба поён давидам ва ба пули роҳи оҳан расида, аз рӯи он гузаштам. Қарор

пешина
аз 253
навбатӣ