Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар муқобили оби рӯдхонаҳои Омуву Сир ва Зарафшон буд, ки бояд аз нав ба роҳ монда шавад.
Баъд аз сард шудани робитаҳо, як сол ин имтиёзҳо дода нашуданд ва мо маҷбур шудем маводи сӯхту нуриҳои минерали ро аз Ӯзбакистон бо нархи ҷаҳонӣ бихарем. Соли дигараш ҳу кумати Ӯзбакистон содироти маводи сӯхт ва нуриҳоро ба Тоҷикистон тамоман манъ кард. Дар натиҷа мо маҷбур шудем ин маводҳоро аз кишварҳои дигар ворид кунем, ки нархи роҳ ҳам ба арзиши онҳо изофа шуда, якбора нархашонро гарон кард ва арзиши аслии парвариши пахтаро боло бурд. Он солҳо пахта манбаи асосии даромади арзии кишвар буд. Ислом Каримов дониста, як зарбаи дигари ҳалокатовар ба камаргоҳи иқтисоди кишвари ман зад.
Соли 1999 ман дар конфронси пахтаи Ӯзбакистон иштирок кардам, ки он дар меҳмонхонаи «Интерконтинентал»-и шаҳри Тошканд гузашт ва дар он ҷо намоиши дастовардҳояшон дар соҳаи пахтакориро низ ташкил карда буданд.
Ба гуфташон, ба фарқ аз навъҳои пахтаи замони шӯравӣ, навъҳои нави пахтаро рӯёнда буданд, ки дарозиву борикӣ ва муқовимати нахи он бамаротиб беҳтар буд. Ғайр аз ин, мегуфтанд, ки ҳосилнокияш низ аз се то чор тон аз ҳар ҳектар аст.
Албатта, он замон мо ба ин иттилооти онҳо чандон бовар намекардем, зеро онҳо зиёд муболиға мекарданд. Масалан, пас аз рӯзи аввали конфронс музокирот таъин мешуд ва дар он сарони ширкатҳои тиҷоратӣ бо сарони ширкатҳои содиротии Ӯзбакистон музокира карда, қарордодҳои хариди пахта мебастанд. Дар поёни он рӯз вазири иқтисодашон суханронӣ карда, аз натиҷаҳои музокирот ва ҳаҷми қарордодҳо гузориш медод.
Одатан, дар ин гузориш миқдори пахтаи фурӯхташударо аз будаш хеле бештар эълон мекарданд. Мо, ки аксари ширкатҳоро мешинохтем, аз ҳаҷми қарордоди бастаашон огоҳ будем, вақте ки гузориши вазирро гӯш мекардем, онро бо лабханд қабул

пешина
аз 253
навбатӣ