Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шумо аз Тоҷикистонанд ва мо мутмаин нестем, ки чи касонеанд.
Асадулло ба шӯр омада, ба он хонум мегӯяд:
– Онҳо аз Шумо беҳтаранд!
Гарчанде ҳукумати вақти Ӯзбакистон тамоми саъйашро кар да буд, ки муносибат байни ду кишвар ба сардиву нестӣ ра сад, вале решаи дӯстии мардуми ҳарду тарафи марз аз дилҳо ме сабзид.

ӮЗБАКИСТОН

олҳои аввале, ки ман ба тиҷорати пахта машғул шудам, Смаводи сӯхт ва нуриҳои минералиро мо аз Ӯзбакистон ворид мекардем. Ҳамин ду мавод қисми асосии ҳазинаҳои рӯёндани пахтаро ташкил мекунанд.
Дар Ӯзбакистон тавлид ва содирот асосан дар дасти давлат буд. Онҳо Вазорати махсус доштанд, ки муносиботи иқтисодии хориҷиро танзим мекард. Дар назди ин вазорат ширкатҳои их тисосии давлатӣ фаъолият мекарданд, ки масъули содироти ин ва дигар ашё буданд.
Ҳукумати Ӯзбакистон аввали ҳар сол барои маводи содиротӣ нархнома эълон мекард ва ин ширкатҳо тибқи нархномаи тасвибкардаи ҳукумат қарордодҳои содиротӣ мебастанд. Одатан, нархи маводи содиротии Ӯзбакистон барои харидорони хориҷӣ миёнаҳои моҳи январ эълон мешуд, вале пас аз эълони он сарвазири Тоҷикистон ба Тошканд рафта, музокира мекард ва ҳуку мати он кишвар барои Тоҷикистон шароити хос муқаррар мекард. Фақат баъд аз он мо бо ширкатҳои давлатии содиротии онҳо қарордод баста, маъмулан маводи сӯхту нуриҳои минералиро бо тахфифи 25%, ки байни ду давлат муоҳида мешуд, мехаридем. Фикр мекунам, ин ва дигар тахфифҳо навъе ҷуброн

пешина
аз 253
навбатӣ