Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
хизмати арзанда кардааст ва аз миллати тоҷик як қувваи хуби тавлидкунандаи ашёи хоми мавриди ниёзи давлат сохтааст.
Агар имрӯз, ки тақозои замон дигар шудааст, дар оилаи тоҷик донишмеҳварӣ намуна шавад, ба зудӣ модари тоҷик нобиғаҳо ба дунё хоҳад овард!
Модарам ба истилоҳи онзамона «соҳибхоназан» буданд.
Тамоми ташвиши рӯзгор ба дӯши эшон буд. То замоне, ки мо дастёр шудем, амаку тағоҳоям ба кори хона ёрӣ мекардаанд.
Вақте мо дастёр шудем, модарам корҳои хонаро бештар ба мо фармуда, худашон роҳбарӣ мекарданд.
Хонаи мо дар Панҷрӯд 3-4 сотих замини наздиҳавлигӣ дошт.
Дар як кунҷаш боғи себу зардолу доштем ва қисмати дигарашро барои рӯёндани сабзавоту полезӣ истифода мекардем. Аҷиб он буд, ки агар аз ҳамин 3 сотих замин 1-1,5 сотихаш зери дарахтон бошад, аз он 1,5-2 сотихи дигар мо тамоми зироати мавриди ниёзи оилаамонро барои кулли сол таъмин мекардем.
Поруи чорвои хонагиамонро ҳар сол дар як кунҷи замин ан бор карда, ба рӯяш хок кашида мемондем, ки он то соли ди гар пӯсида тайёр мешуд. Баҳорон, пеш аз ҳама бо фармони падар ва зери назари модарам мо тамоми заминро порупӯш ме кардем. Занбарро аз пору пур карда, дар сартосари замин қатор-қатор мерехтем. Барои ман, ки бачаи камқувват будам, по ру кашонӣ хеле сахт буд. Занбари вазнин аз дастам меафтид ва борҳо ҳадафи сарзаниш қарор гирифтаам.
Умуман, раванди тарбия дар оилаи тоҷик таврест, ки то синни мактабӣ нози бачаро мекашанд ва ноздона парвариш мекунанд. Вале тақрибан, пас аз шаш-ҳафтсолагӣ тамоми корҳои сангинро ба дӯшаш мегузоранд ва аз ӯ ҳамчун як қувваи кории том истифода карда, обутоб медиҳанд. Ин сиёсати хубест, ки ҳам эътимод ба нафси кӯдакро дар хурдӣ намешиканад, ҳам ҳангоми нав расӣ ӯро обутоб дода, ба сахткӯшӣ қарин мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё