Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аз ӯ хурдтар аст, касалманд аст. Бародарони дигари хурдиям Абдуҷобир, Абдураҳим ва Абдушофеъ ва хоҳарам Инобат ба сол аз ман хеле хурдтаранд ва ин фосилаи синнусолӣ ба наздикии мо каме асар гузоштааст. Онҳо ба ман ҳамчун бародари бузург бо эҳтироми хоси панҷрӯдӣ муносибат мекунанд ва фосила нигоҳ медоранд. Муносибати байни одамон дар Панҷрӯд ба синну сол рабти қавӣ дорад. Касони ба сол аз худ калонро ҳатман эҳтиром мекунанд ва фосила нигоҳ медоранд, калонсолон дар навбати худ вазифадоранд, ки барои аз худ хурдтарҳо намунаи одобу ахлоқи нек бошанд.
Падарам мутахассиси заминшинос (геолог) буданд ва корхонаашон дар кӯҳҳои минтақа ба кофтукоби маъданҳои зеризаминӣ машғул буд. Ба фарқ аз дигар мардони деҳа, ки дар колхоз кор мекарданд ё дар мактаби деҳа дарс медоданд, ҷойи кори падарам дур аз хона, дар ноҳияи Айнӣ буд ва аз ин сабаб он кас дар ҳафта панҷ шабонарӯз дар кор буданд ва танҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе дар хона ҳузур доштанд. Падарам маоши хуб мегирифтанд ва зиндагиямон хеле хуб буд. Он кас шахси камгап, ҷиддӣ ва босалобат, барои мо фарзандон як намунаи ибрат буданд. Мо ҳама фарзандон, ҳаройина саъй мекардем, ки падар аз мо розӣ бошанд ва ин ангезаи асосии мо барои худдорӣ аз корҳои номатлуб ва саъйу кӯшиш дар корҳои хуб буд. Бадтарин ҷазо барои мо он буд, ки падар аз ягон кори бади мо огоҳ шаванд. Як нигоҳи падар кофӣ буд, ки мо болу пар барорем ё ғарқи обу арақ гардем.
Умуман, нақши шахсияти падар дар оилаи тоҷик, дар тарбияи фарзанд хеле муҳим аст. Ҷомеаи тоҷик падарсолор буда, фитрати азалияш имкон додааст, ки ин омил барои тарбияи оилавии фарзанд ба таври шоёни таҳсин истифода шавад.
Мо дари тоҷик аз падар барои фарзандон намуна месозад ва онро чун як абзори тарбиявӣ хеле муассир истифода мебарад.
Воқеан, ин омил барои тарбияи насле, ки давлат ниёз дошт,

пешина
аз 253
навбатӣ