Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба Абдулҳаким гуфтааст: «Беҳтар буд, ки ман дар Амрико асп зода шавам, то дар Ӯзбакистон одам».
Инглисҳо дар дунё бо шӯхтабъии хос маъруфанд. Ҷон аз ин қоида истисно набуд.
Рӯзе сари чошт дар меҳмонии Ҷон моҳӣ мехӯрдем. Умуман мо тоҷикҳо моҳӣ кам мехӯрем. Абдулҳаким бо корду чангол чанде саъй кард ва душворӣ кашида, аз Ҷон пурсид:
– Мистер Стэд, иҷозат ҳаст ман бо дастҳоям бихӯрам?
Ҷон билофосила ҷавоб дод:
– Метавонӣ бо пойҳоят бихӯрӣ.
Ман ба кӯҳу кӯҳнавардӣ иштиёқи зиёд дорам. Аз ин сабаб мошини махсуси кӯҳнавардӣ харида будам. Ин мошини «Нива»-и тавлиди Русия буд. Ин мошин дар муқоиса бо аналогҳои хо риҷияш, мошини хубе нест. Имтиёзи асосияш нархи нисбатан пасташ аст вагарна дар роҳатӣ, масрафи сӯхт ва ғайра нисбат ба ҳамтоҳои хориҷияш хеле бадтар аст. Бахусус сифати бади мошинҳои истеҳсоли Шӯравӣ дар хориҷа вирди забонҳост.
Рӯзе бо Ҷон нияти сайри кӯҳ кардем. Вақте аз офис берун омадем, ранги сафеди «Нива»-и напа-нави ман дар офтоб медурахшид. Ман аз Ҷон:
– Мошини ҷипи ман ба ту маъқул аст? - гуфта пурсидам.
– Мошини ҷипи ту ба ту маъқул аст? - баргардонд Ҷон.
Бо хонуми Ҷон – Ҷени ман шинос ва дӯст будам. Ҷени низ мисли Ҷон шахси наҷибест. Ҷени дар кӯча ҳеч гоҳ аз назди як саг ё гурбаи маҷрӯҳ бетафовут гузашта наметавонист. Онҳоро ба мошини худ савор карда меовард ва табобат мекард. Ин буд, ки ҳавлияш пур аз сагу гурба буд. Ӯ метавонист соатҳо дар бораи онҳо, аз куҷо ва дар чӣ ҳол ёфтанаш, нақл кунад. Вақти дар бораи ҳоли зори онҳо нақл кардан, чашмонаш пуроб

пешина
аз 253
навбатӣ