Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пахта хеле маъруф буд ва бо камоли майл донишу таҷрибаи худро ба ҷавонон меомӯхт.
Ман бо Ҷон Стед, дӯстии хеле наздик пайдо карда будам. Ӯ ба ман на фақат дӯст, балки устод ва бародар гашта буд. Тамоми ҷузъиёти тиҷорати пахтаро ба ман омӯзонда буд. Соле ду-се бор ба Тоҷикистон меомад, ду-се бори дигар маро ҳамроҳаш ба конфронсҳои пахта дар Тошканду Ливерпул бурда, бо ҳамаи тоҷирон ва дигар мутахассисони соҳа шинос карда буд. Ба хонаи мо меҳмон шуда, ҳамаи оилаамонро хуб мешинохт, ман ҳам аҳли оилаашро мешинохтам ва самимона дӯст медоштам.
Насиҳатҳои Ҷон роҳнамои ман дар тиҷорат ва ҳатто рози му ваффақиятам будааст. Ӯ мегуфт, ки тоҷир бояд дарозмуддат андешад. Яке аз пандҳое, ки Ҷон ба ман додааст, ин буд, ки дар муомилаи тиҷоратӣ ҳарду тараф бояд баранда бошанд.
Пеш аз ҳама, муомила бояд шаффоф бошад ва риояи инсоф тақозо мекунад, ки ҳарду тарафи қарордод фоида бинанд.
Дар ин ҳол ҳамкорӣ бардавом ва пурбаракат мешавад, ки ин рози муваффақият дар тиҷорат аст. Дар акси ҳол нобоварӣ ва норозигӣ ба миён омада, сабабгори қатъи ҳамкорӣ ё даъвову низоъ мешавад. Ман ин насиҳати ӯро, ки мантиқи қавӣ дорад, ба ҷон пазируфтам ва ҳамеша саъй кардам, ки аз инсоф нагузарам ва хушбахтона, метавонам бо итминон бигӯям, ки дар аксари кулли мавридҳо ҳампаймонҳоям дӯст гаштаанд. Шаффофият ва инсоф ҷой барои нобовариву низоъ нагузоштаанд.
Соле, ки Абдулҳаким дар Амрико таҳсил мекард, Ҷон ва хонумаш сарпарасти ӯ буданд ва ҳар сари чанд вақт ӯро ба хонаашон даъват мекарданд. Ҳамроҳи ӯ дар мактаби пахта чанд нафар аз Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ӯзбакистон низ мехонданд. Номи яке аз онҳо Асадулло буд ва бо Абдулҳаким дӯстӣ дошт. Ӯ баччаи зарофатгӯй буд. Боре ӯ низ ҳамроҳи Абдул ҳаким ба хонаи Ҷон меҳмон шуда будааст ва тавила ё истабли барҳаво ва зебои Ҷонро муҷаҳҳаз бо ҳама шароит дида,

пешина
аз 253
навбатӣ