Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

зиёди пахтаи хоҷагиҳо бе пешпардохт содир ва бе ному нишон шуда, хоҷагиҳо зиёни зиёд дида буданд.
Моҳи сентябр буд ва чидани пахта маблағгузории зиёди нақд ва ҳаррӯза талаб мекард. Қарордодҳои бонку ширкатҳои хориҷӣ бо ширкатҳои содиркунандаи маҳаллӣ моро уҳдадор мекарданд, ки аз моҳи сентябр мувофиқи нақша пахта бор карда фиристем. Мо – ҳамаи ширкатҳо ба миқдори пешбинишуда, пахтаро барои содирот омода карда, аснодашро ба ин ниҳодҳо супоридем. Тасдиқномаҳои дигар омода шуда бошанд ҳам, Кумитаи андоз корро кашол медод. То ин дам ҳеч гоҳ чунин кашолкорие нашуда буд. Ҳама асабӣ буданд. Бор кардани пахта ақиб, ки меафтод, бонки хориҷӣ маблағгузориро низ кашол медод. Ҳар ҳафта дар ҷаласаҳои сарвазир кор то садои баланду таҳдид мерасид. Зеро камбуди пули чинак ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пахта оварда расонданаш мумкин буд.
Он замон пахтачинӣ маъракаи умумиҷумҳуриявӣ буда, ҳанӯз ҳам мисли замони шӯравӣ нақшабандӣ мешуд ва ҳукумат бар иҷрои он назорати шадид мебурд. Иҷрои нақша ба таври густарда аз тариқи васоити ахбори омма расонаӣ мешуд. Бригадаҳо, колхозҳо, ноҳияҳо бо ҳам сабқат мекарданд ва ба ғолибон туҳфаҳо дода мешуданд.
Мо – сарони ширкатҳои содиркунанда тасмим гирифтем, ки бо раиси Бонки миллӣ вохӯрда, масъаларо матраҳ кунем, то ин ки ӯ ба раиси Кумитаи андоз занг занад. Дар ҷаласа раис бо телефон раиси Кумитаи андозро пайдо накарда, дастур дод, ки ду нафар сарони ширкат рафта, бо раёсати Кумитаи андоз масъаларо баррасӣ карда, сабаби таъхири додани тасдиқномаро муайян карда оянд. Қарор кардем, ки бегоҳии ҳамон рӯз ҷаласаи дигар баргузор карда, ин масъаларо ҳал кунем.
Дар ҷаласаи бегоҳӣ яке аз он нафароне, ки рафта бо раиси навтаъини Кумитаи андоз вохӯрда буданд, ба раиси Бонки мил-

пешина
аз 253
навбатӣ