Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мисли маҳалгароӣ бошад, ҳамаи ин омилҳо имрӯз дар кишвари ман ба таври барҷастатаре ҳузур доранд. Ман ду ёддошти хурд дар тақвияти ин гуфтаҳо меорам.
Замони пошхӯрии Ҳукумати шӯравӣ анборҳои пахта пур аз ин маҳсулоти пурқимату серхаридор буданд. Хариду фурӯш ва соҳибкории хусусӣ иҷозат шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар соҳаи ти ҷорат қонуну қоидаи мушаххас қабул нашуда буд. Аз ин сабаб, чанд соли аввал қисми зиёди пахтаи Тоҷикистонро ба таври қочоқ обу лой карданд. Корчаллонҳо аз фурсат истифода бурда, дар ҳамкорӣ бо дастандаркорони соҳа, ба истилоҳи он рӯза, «кипро ҷип» мекарданд. Мардум мегуфтанд, ки ҳар касе, ки кип (тойи пахта) фурӯшад, ҷип савор мешавад. Воқеан, қочоқчиён аз бесарусомонӣ истифода карда, пахтаро обулой ва пулашро барои зиндагии муҷаллали худашон сарф карданд. Табиист, ки онҳо боҷу ришваҳои ҳангуфт ба масъулон мепардохтанд. Дар назари одамон тиҷорати пахта як кори пурфасод ва қочоқӣ шуда монда буд. Масъулони дахлдор зеҳнияте доштанд, ки ҳар касе, ки пахтаро содир мекунад, бояд ба онҳо пора диҳад.
Соли дувуми ба тиҷорати пахта машғул шудани мо буд.
Ҳукумат бо қоидаҳо содироти пахтаро торафт танзим мекард.
Пеш аз содир шудани пахта аз қаламрави ҷумҳурӣ бояд пули он ба бонк ворид мешуд, андоз аз фурӯш супорида мешуд, кумитаи стандарт навъи пахтаро муайян мекард ва биржаи пахта хулосаи худро дар хусуси аз ҷиҳати иқтисодӣ қобили қабул бу дани муомила медод. Ин система воқеан дуруст тарҳрезӣ шуда буд ва дар ҳоли дуруст кор кардан пеши роҳи қочоқи пах таро мегирифт.
Ҳар кадоми ин ниҳодҳо тасдиқномаи худро медоданд ва гумрук фақат дар асоси онҳо берун рафтани пахта аз қаламравро иҷозат медод. Ин танзимот хеле зарур буд, зеро дар замони беса русомонии баъди пошхӯрии кишвар баамаломада, теъдоди

пешина
аз 253
навбатӣ