Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ТАРЗИ КОРИ ШИРКАТҲОИ ПАХТА
ақте мо бо колхозҳо дар маблағгузории рӯёндани пах та Вҳамкорӣ сар кардем, раисони хоҷагиҳо ба мо пеш ниҳод ҳои аҷибу ғарибе мекарданд. Маблағгузорӣ тибқи нақшаи аз қабл мувофиқашуда анҷом мешуд, вале раисон ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки аз нақша бештар маблағ бигиранд. Ҳатто пеш ниҳод мекарданд, ки расман ба хоҷагӣ маблағи иловагӣ навишта, нимашро бидиҳем ва нимашро ба худамон бигирем.
Вақте мо ба ин дархостҳои хилофи қарордод ҷавоби рад додем, раисони баъзе колхозҳо эътироз карданд, мегуфтанд, ки ширкатҳои дигар ба колхозҳои ҳампаймонашон маблағҳои аз нақ ша бештар медиҳанд ва ҳаққи худашонро мегиранд. Чун ин талабҳо такрор шуд, ман паи таҳқиқ рафтам. Маълум шуд, ки пеш аз мо ин хоҷагиҳо бо ширкатҳои дигар бо ҳамин сабк кор мекардаанд. Маблағгузорӣ тарзе тарҳрезӣ шуда буд, ки дар ҳоли аз ҳар ҳектар 2 тон пахта чидан, ба хоҷагӣ ҳамагӣ панҷ - даҳ дарсад суд меовард. Додани маблағи иловагии дар нақша пешбининашуда, хатари барнагаштани қарзро боло мебурд.
Мо бо яке аз ширкатҳои фючерсӣ додугирифт доштем ва аз ин сабаб бо масъулони ширкат вохӯрдан лозим меомад.
Боре ман бо масъули таъминоти ин ширкат ба анборашон раф там. Додугирифти ин масъул бо кормандони хоҷагиҳо, ки ман шоҳидаш будам, барои ман бисёр чизҳоро ошкор кард. Ӯ беистиҳола аз кормандони масъули таъминоти колхозҳо ришва мегирифт ва ба нақшаи таъминот нигоҳ накарда, ба онҳо бори иловагӣ медод. Ман ин масъаларо бо раиси он ширкат машварат кардам ва дидам, ки ӯ ин равишро қабул дорад ва худаш ҳам аз он истифода мекунад. Ин кор як ҳамоқати маҳз буд, ӯ худаш аз ширкати худаш медуздид. Вақте ман эрод гирифтам, ки дар ҳоли маблағгузории беш аз нақша хатари барнагаштани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё