Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пушти ин тасмим ҳайсияту арзишҳои ман истода буд. Намедонист, ки агар ҳама чиз аз даст равад ҳам, ин тасмим ягона ро ҳи дуруст аст. Боре, аз ин бардагӣ озод бояд шуд!
Ман аз Абдулҳаким хоҳиш кардам, ки пули шомро пардозад ва мизро тарк кардам. Онҳо моту мабҳут монданд. Рӯзи дигар хоҳиши вохӯрияшонро рад кардам ва Комрон бо онҳо во хӯрда, қатъӣ ва ниҳоӣ будани тасмими маро эълон кард. Ба ҳукумат нома навиштанд ва аз чанд роҳ фишор оварданд, ки ҳамкорӣ идома ёбад, вале ман дар тасмимам қатъӣ будам. Ба зудӣ бо ёрии дӯстон қарзи мондаашонро кандам ва ҳамаро аз ғуломӣ озод кардам.
Ин тасмим воқеан исён буд! Ин тасмими ман дар вазъи хеле душвор гирифта шуда буд. Мо дар тангдастӣ қарор доштем ва ин тасмим метавонист оқибати ногуворе пеш орад. Хушбахтона, бахт ёрӣ кард ва мо аз он вазъ саломат берун омадем. Замон нишон дод, ки ин ягона тасмими дуруст буд.
Мо тавонистем дар давоми се сол колхозҳоро ба худкифоӣ расонем, ки онҳо қарзҳои моро пардохтанд ва муомилаи мо бо онҳо ба ҷои маблағгузорӣ, хусусияти харидуфурӯшро касб кард. Ин имкон дод, ки дастҳои ман боз шаванд ва ба тиҷорати пахта дар миқёси байналмилал пардозам.
Дар ниҳояти кор қарзи соҳаи пахтаи кишвар дар назди сармоягузорони хориҷӣ 500 миллион доллар шуда бошад ҳам, бо ифтихор метавонам бигӯям, ки ягон хоҷагии ҳампаймони мо дар он қарз саҳим набуд. Вале ба андешаи ман, дар ин низоми маблағгузорӣ сирқати маблағҳои бузургтар дар байни хоҷагӣ ва ширкатҳо сурат гирифт, ки дар натиҷа ба хоҷагии халқи киш вар зарари бамаротиб зиёдтар расонд.

пешина
аз 253
навбатӣ