Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бади будубош ба бемориҳои сироятӣ ва махсусан, касалии сил мубтало мешуданд.
Ман аз ин саҳнаи дидаам хеле нороҳату мутаассир шудам.
Ба Душанбе баргашта, кормандонро фармудам маводи ғизоӣ бурда, ба зиндон супурданд, то ки маҳбусони бечора аққалан нони хӯрдан дошта бошанд. Мудирияти зиндон шикоят карда буд, ки ба маҳбусон хӯроки гарм намерасад. Кормандони мо як-ду бори дигар ошпазу масолеҳ бурда, дар он ҷо хӯрок пухта, ба маҳбусон доданд.
Вақте ки Шухаро аз зиндони Русия ба зиндони Тоҷикистон интиқол доданд, ӯ ба ҳамин зиндони Ёвон афтида буд. Аз тариқи дӯстони ҳолдон ман аз ин огоҳ будам. Рӯзе баъд аз озод шу данаш, иттифоқан, Шухаро дар кӯча вохӯрдам ва ба озодӣ баромаданашро табрик гуфтам. Ӯ ғайричашмдошт гарму ҷӯшон аз ман миннатдорӣ изҳор кард. Маҳбусон дар бораи кумаки хайрияи чанд сол пешинаи ман ба ӯ нақл карда будаанд, ки аз ёди худи ман кайҳо рафта буд.
Шуха аз сӯи олами ҷиноии Русия ба ин зиндон ҳамчун «На зорагар» фиристода шуда буд ва пас аз озод шудан яке аз мақ садҳояш барқарор кардани хазинаи дуздон аз ҳисоби со ҳиб корони маҳаллӣ будааст. Одатан, дуздон бо ҳар роҳу восита, аксаран бо зӯрӣ, соҳибкоронро ба ҳамкорӣ моил карда, он ҳоро боҷдиҳандаи хазинаи худ карда ва аз ин ҳисоб кайфу сафо мекунанд.
Ин хазина аз ҳисоби соҳибкорони ба ин тоифа робитаву таваҷҷуҳ дошта, ё ин ки ба чанги дуздон афтида, пур карда ме шавад. Аз ин рӯ, Шуха хайрхоҳии онвақтаи маро шунида, фикр карда буд, ки ман хайрхоҳи олами ӯ ҳастам ва бевосита маро ба ҳамкорӣ даъват мекард. Ман сирфан хайрхоҳона будани мақ сади кумакамро ба ӯ фаҳмонда додам ва дигар ӯро надидам.
Шуха ва Ҳикмат намунаи барҷастаи ҷавонони афкори ҷиноӣ ва тамоюл ба хилофкорӣ доштаи он замон буданд. Дар замони

пешина
аз 253
навбатӣ