Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони зиндонро хиёнат ба пеша дониста, ва гуфтем касонеро, ки ба чунин амал даст мезананд, «буз» меноманд ва ҳамчун хоин ҷазо медиҳанд.
Ин ҷамъият силсиламаротиби худашро дорад, ки дараҷаи ба ландтаринаш «Дузди қонунӣ» буда, ба касоне дода мешавад, ки қонунҳои дуздиро ба пуррагӣ риоя кунанд. Хулоса, ин як давлат дар дохили давлат бо қонуну қоидаҳои хоси худаш аст.
Дар аввали ташкилшавии Ҳукумати Шӯравӣ аз сабаби он, ки аъёну ашроф ва босаводон нобуд карда шуданд, табақаҳои поёнии ҷомеа ба мансаб расиданд, ки дар байнашон намояндагони ҷомеаи ҷиноӣ зиёд буданд. Тавассути онҳо бисёре аз суннатҳои зиндагии онҳо ба ҷомеа сироят карда буд. Ин иттифоқ асосан дар Русия афтода бошад ҳам, баъдан оҳиста - оҳиста ба дигар гӯшаю канорҳои кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон низ сироят кард.
Замони донишҷӯӣ ману Абдулҳаким дар варзишгоҳи «Динамо» дар ҳайати як гурӯҳ каратэ машқ мекардем. Ҳамроҳи мо як ша рикдарси ӯ, аз Донишгоҳи тиббӣ, ки Шӯҳрат ном дошт, низ машқ мекард. Мо ӯро кӯтоҳ «Шуха» меномидем. Машқи каратэ ва дигар намудҳои варзиши ҷангӣ қаблан дар Шӯравӣ мамнуъ буд ва мисли ҳар чизи мамнуъ, ҷавонон ба он бештар алоқа пайдо карда буданд. Мо ҳам бо шӯру шавқ машқ мекардем.
Шуха дар машқ истеъдоди хос дошт. Ӯ миёнақад бошад ҳам, дасту бозуи қавие дошт. Ҷисман хеле обутобёфта ва боқувват буд. Маълум буд, ки пеш аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи мо, дар ҷои дигар машқ дида буд, зеро дар машқ ва текник низ аз мо хеле пеш буд. Шуха тики ҷолибе дошт, ӯ ҳар замон сарашро ба сӯе такон медод.
Солҳои навад дар паҳнои Шӯравии собиқ ҷурму ҷиноят ривоҷи бесобиқа пайдо карда буд. Тиҷорати хусусӣ, ки нав иҷозат дода шуда буд, бо суръати баланд рушд мекард. Аз сабаби комил набудани қонуну қоида байни соҳибкорон баҳсу даъ вои зиёд пеш меомад. Баъзе соҳибкорон барои худашон аз

пешина
аз 253
навбатӣ