Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, аз Айнӣ, - гуфт дӯстам. Ман, ки то ҳол ҳеч гоҳ ба зоҳири Субҳиддин аҳаммият надода будам, акнун дидам, ки ӯ во қеан ба бадахшониҳо шабоҳат дорад.
– Фарқаш чист, ки аз куҷост? - бо ваҳшату изтироб пурсидам ман.
– Аз ту напурсидам, гап бисёр мезанӣ, шаҳрата тинҷ кун, мора наёрад тинҷкунӣ! - дӯғ зад сарбоз бо лаҳни шикаста.
– Шаҳри мо бе ту ҳам тинҷ буд, - бо думи мор бозӣ мекардам ман. Мили автомат ба синаам рост шуд. Субҳиддин бо дас таш мили автоматро аз синаи ман канор бурда гуфт:
– Хонаи ман дар он тарафи роҳ, илтимос, биёед равем, ман пас портама нишон медиҳам, ё хоҳед, рафта оварда, нишон тиям?
Сарбоз нигоҳи хашмборашро аз ман канда, мили автоматашро поён карду пушташро гардонда рафт. Ба сӯи ҳаракати ӯ нигоҳ карда дидам, ки чуқурии канори роҳ пур аз мурдаҳои талзада аст.

ОРОМИИ НИСБӢ

илоҳдорони мухолифон ба самти Ромиту Рашт ақиб ни- Сши нӣ карданд, ки як-ду моҳи дигар пайгирии онҳо ва ҷанг дар он минтақа идома ёфт. Ниҳоят қувваҳои мухолифон ва аксари мардуми Рашту қаротегиниасли сокини вилояти Қӯр ғонтеппа ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ҷангиёни онҳо ба марзҳои Тоҷикистон ҳамлаҳо мекарданд ва то солҳои 1997 марз ҳои кишвар бо Афғонистон, ки аз сӯи марзбонони рус ҳимоят мешуд, ноором буд.
Бо берун ронда шудани мухолифон дар кишвар оромии нисбӣ ҳукмфармо шуда бошад ҳам, як гурӯҳ ҷангсолороне арзи вуҷуд карданд, ки то аввали солҳои 2000 тохтутоз ва бедод ме карданд. Ин гурӯҳҳо қудрат ва нуфуз доштанд ва аз

пешина
аз 253
навбатӣ