Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он вақт ман дар маҳаллаи Зарафшон зиндагӣ мекардам. Ду рӯз аз тарафи Ҳисор хонаҳои мо бомбборон мешуданд. Дӯстам Субҳиддин, ки ба дидани ман омада буд, ба хонааш баргашта натавониста, бо ман монд. Рӯзи дигар пас аз ворид шудани ҳукумати нав, дар маҳаллаи мо нисбатан оромӣ ҳукмфармо шуд ва мо ҳамроҳ пиёда ба хонаи ӯ раҳсипор шудем. Хонаи ӯ дар микрорайони 63 буд ва мо бояд тақрибан аз канори тарафи Ҳисори шаҳр ба канори самти Қурғонтеппаи он пиёда мерафтем, зеро кӯчаву хиёбонҳо аз нақлиёт холӣ буданд. Дар тамоми чорроҳаҳо силоҳдорон меистоданд ва ҳуҷҷатҳои роҳгузаронро тафтиш мекарданд. Дар наздикии хонаи мо дар канори роҳ мурдаи нафаре мехобид, ки кадоме бо суфи сафед рӯяшро пӯшонда буд. Ин мурда аз дирӯз ин ҷо мехобид ва ёрии таъҷилӣ ба зангҳои телефонии мо ҷавоб дода, мошин фиристоданро ваъда кунад ҳам, касе ҷасади ин бечораро аз ин ҷо намегирифт.
Вақте ба чорроҳаи аввалин расидем, дидем, ки дар канори роҳ чанд мурдаро болои ҳам тал задаанд. Ҳамин тавр, дар чанд ҷои шаҳр мо ҳамин вазъро мушоҳида карда ба чорроҳаи кӯчаи Неъмат Қаробоев ва хиёбони Дӯстии халқҳо, назди кинотеатри «Тоҷикистон» расидем. Дар ин чорроҳа силоҳбадасти сиёҳҷурдае аз мо ҳуҷҷат пурсид. Лаҳҷааш лаҳҷаи ӯзбактаборон буд, ба тоҷикӣ хуб гап зада наметавонист. Паспорти ман ҳамроҳам буд, вале паспорти дӯстам дар хонааш буд. Мақсади ба хонаи ӯ омадани мо ҳам, гирифтани ҳамин паспорт буд. Баъд аз паспорти маро дидан, силоҳбадаст ба дӯстам часпид:
– Чаро паспорт нест? Ман аз куҷо мидонӣ помирӣ нестӣ?
Ман, ки шахсиятам муқаррар шуда буд ва фикр мекардам ҳаққи гап задан дорам, гуфтам, ки ӯ помирӣ нест.
– Орҷоникидзеобод? - чашмонашро нимпӯш карда пурсид сарбоз. Ноҳияи Ваҳдати имрӯзаро онвақт ҳамин тавр меномиданд.

пешина
аз 253
навбатӣ