Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Шаҳр холист зи ушшоқ, бувад, к-аз тарафе
Марде аз хеш бурун ояду коре бикунад.
Дар оғоз аксари кулли муҳоҷирон дар бозорҳо ҳаммоливу муздурӣ мекарданд. Ҳаммолон дар даромадгоҳи бозор ҷамъ меистоданд ва ба маҳзи пайдо шудани харидор ба сӯи ӯ давида, хизмати худро пешниҳод мекарданд. Онҳо ҳама аробаҳои калони дучарха доштанд, ки дар он бори харидоронро бор карда, то мошинаш бурда, музд мегирифтанд. Ин ҳаммолӣ ҷони мардуми тоҷикро аз гушнамурӣ наҷот дода бошад ҳам, дар натиҷа моро дар чашми мардуми кишварҳои шӯравии собиқ хеле ҳақир кард.
Боре дар Маскав ба бозори Лужники барои дидани як нафар рафтам ва аз теъдоди зиёди ҳаммолони тоҷик дар шигифт афтодам. Вақте ки дар растаи бозор интизори он нафар меистодам, як ҳамдеҳаамро дидам, ки аробаи бузурге дар даст аз паси харидоре зоракунон мерафт, то ӯро ба хизмат бигирад.
Ӯ ба сабки ҳаммолон болопӯши гармро ба дохили шалвораш андохта, мӯзаҳои резинии соқбаланд пӯшида буд. Ногоҳ чашмаш ба ман афтид ва зуд нигоҳашро гурезонда, аз раста гузашт ва баъд аз лаҳзае ба саломкунӣ ба наздам омад, ки аллакай либосҳояшро танзим карда буд. Болопӯшро аз рӯи шалвор ба таври маъмулӣ фуроварда ва соқи мӯзаҳоро низ зери шалвор карда буд. Маълум буд, ки аз ҳаммолӣ шарм мекунад, дар ҳоле ки аз назари ман ин кор бадие надошт, ба шарте, ки муваққатӣ ва барои ба даст овардани имконият барои кори беҳтаре бошад.
Хушбахтона, истеъдоди азалии баччаҳои тоҷик имкон дод, ки баъдан, дар зарфи 3-4 сол аксаран дар Русия соҳибкор шаванд ё кори муносиб пайдо кунанд, вале мутаассифона, зеҳнияти ҳақорати дар солҳои аввал пайдошуда, ҳанӯз ҳам дар чашми халқҳои дигар нисбат ба мо – тоҷикон ҳифз шуда, ки озор диҳанда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё