Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дикорӣ мерафтаанд. Бобоям як рӯз дар роҳи баргаштан ба деҳ амакбаччаашонро вомехӯранд, ки ҳамроҳи чанд нафари дигар аз деҳ баромада мерафтаанд. Вақте аз мақсади онҳо огоҳ мешаванд, ки ба мардикорӣ равонанд, аз рӯи асп бо як ҳара кати даст писарамакашонро ба пушташон рӯи асп савор карда, «ҳоло ман намурдаам, ки хешбаччаи ман ба мардикорӣ ба дари мардум равад», гуфта ба хона меоранд ва ба ӯ чандто бузу гӯсфанд дода, ба рама чӯпон мекунанд ва мегӯянд:
– Ин чанд сар мол ҳаққи ту, агар хонаат танг аст, ними хона амро медиҳам, рӯзгоратро ҳамин ҷо обод кун, дари хонаи мар дум мардикорӣ нарав!
МАРДИКОРӢ
ардикорӣ гӯё дар марҳалаҳои душвор ҷони халқҳоро Маз гушнамурӣ харидааст. Вале аз ҳикояе, ки дар робита бо Бобоҷон ривоят мекунанд, маълум мешавад, ки мардуми мо аз ночорӣ ба он рӯй меовардаанд. Дар асл онро мояи нангу ор медонистаанд.
Солҳои аввали соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон низ мардикорӣ, ки ба ибораи дигар онро «муҳоҷирати меҳнатӣ» меноманд, ҷони мардумро харид. Баъд аз фурӯпошии давлати Шӯ равӣ ду-се соли аввал мардум чашм ба роҳи таъминоти давлат нишастанд ва чун диданд, ки дигар давлат нотавон ва нони аз донаи ҷорӯбу ҷав пухташуда қобили хӯрдан нест, рӯй ба мардикорӣ ниҳоданд. Ин мардикорӣ иҷборӣ буд ва ин дафъа баръакс мардум сари номус омада, миён бастанд, муҳоҷират карданд ва заҳмату машаққати ғарибӣ ва муздуриро таҳаммул карда, оилаву наздикони худро аз гушнагӣ наҷот доданд. Гӯё ин байти Хоҷа Ҳофиз ин дарди дили мардумро баён мекард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё