Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
даст гирифта мегаштанд. Хотираҳои ман аз бобоям беш тар лаҳзавист. Лаҳзаҳои ширини субҳонахӯрӣ бо он кас, шӯхи ҳояшон бо бибиам, аспсавориашон дар хотирам мондааст. Вале аз забони калонсолон дар бораи бобоям баъзе чизҳоро шунидаам, ки онҳоро ҳикоят мекунам.
Дар замони баччагии ман дар Панҷрӯд асп нишонаи дорандагӣ буд. Бо омадани мошин асп аҳаммияти худро ҳамчун во - ситаи саворӣ аз даст дода бошад ҳам, баъзеҳо асп доштанд. Бобо ҷон ҳамеша асп доштанд ва ин суннат то имрӯз дар хонадони мо нигоҳдорӣ мешавад. Дар дараи Киштӯд аспҳои хонадони мо ҳамеша яке аз беҳтаринҳо буданд. Ман ду аспи Бобоҷонро ёд дорам, ки ҳарду тозӣ ва машҳур буданд. Яке аспи кабуд бо холҳои тангамонанди сафед ва дувумӣ саманди тиллоранг.
Ин ҳо ҳарду аспҳои тозии саркашу чамуш буданд ва дар тавила нигаҳдорӣ мешуданд ва ба мо иҷозат намедоданд, ки ҳар вақт хоҳем, онҳоро саворӣ кунем. Аспи кабуд ҳанӯз дар замони зин дагии Бобоҷон мурд, вале аспи саманд баъд аз даргузашти Бобоҷон ҳам, солҳои дароз ҳамчун ёдгорӣ аз ӯ дар хонадони мо монд.
Ман аз баччагӣ ба аспсаворӣ шавқ доштам. Бешак, дар муҳаббати ман ба асп ғайр аз аспдории хонадонамон, достонҳои қаҳрамонии устураҳои миллии мо низ нақш доштааст, чунки дар аксари онҳо асп яке аз ёрони бовафои қаҳрамонон ба қалам дода шудааст. Масалан, Рахши Рустам як намоди дӯстии соди қонаи байни аспу соҳибаш буда, хонандаро мафтуни ин ҷонвар мегардонад.
Тобистонҳо аспдорони Киштӯд, аспҳои худро ба чарогоҳ сар медоданд. Ман бо амакбаччаву аммабаччаҳоям, ки низ шавқи аспсаворӣ доштанд, асперо дошта, як ресмончаро ба даҳонаш чун лаҷом андохта, пушти луч савор шуда, табъи дил аспдавонӣ мекардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё