Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

раи Бобои Зариф, чабераи Бобо Ҳусейн, кабераи Абӯҳусейн, надидаи Абулҳасани панҷрӯдиям.
Аз қавли бобоям дар «Донишномаи Рӯдакӣ» ривояте сабт шудааст, ки чил нафарро аз хонадони мо аз авлоди Рӯ дакӣ зикр карда, номи чанд нафарро, ки бо номи Устод оғози ҳамгун доранд, мисол овардаанд.
Бобои Абдухолиқ шаш писар ва се духтар доштанд. Номи писаронашон Абдулҳомид, Абдулҳамид, Абдунабӣ, Абдулмалик, Абдулазиз ва Абдулмаиз, номи духтаронашон Матлаб, Ра фоат ва Исмоат буд, ки аз ин байн ҳоло танҳо амаки аз ҳама хур диам Абдулмаиз барҳаётанд. Худо бар умрашон бияфзояд ва рафтагонро раҳмат кунад.
Бибии падарии ман Холбибӣ Муҳаммадюсуф ном доштанд.
Соли 1972 дар 65-солагияшон вафот кардаанд. Дар кӯдакияшон па дарашон фавтидааст ва модарашон, ки Қумрӣ ном доштааст, шавҳар кардааст. Амакашон мулло Абдурасули Закун, ки дар Бухоро амалдор будааст, бибиямро гирифта, калон кардааст.
Номи Мулло Абдурасул дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-и Садриддин Айнӣ зикр шудааст. Қиссаи ба номи ӯ часпондани лақаби «Закун» ин аст, ки яке аз наздикони ӯро дар Самарқанд ҳукумати Русияи подшоҳӣ зиндон карда будааст.
Мулло Абдурасул вакил гирифта, қонунан бегуноҳии наздикашро исбот ва ӯро аз ҳабс озод кардааст. «Закун» талаффузи вай роншудаи вожаи «закон»-и русӣ аст, ки маънояш қонун ме бошад. Мардуми Бухоро ӯ бо «закун» наздикашро озод кард гуф та, ба ӯ ҳамин лақабро часпонда будаанд.
Соли 1976 вақте ки бобоям даргузаштанд, ман 9-сола будам.
Мо ӯро «Бобоҷон» мегуфтем. Бобоҷон қомати баланд ва мавзун, риши кӯтоҳ ва чеҳраи зебои нуронӣ доштанд. Сарулибосашон ба расми мардони дараи Киштӯд, аз куртаву шалвори сафед ва рӯйпӯши яктаҳ дар тобистон ва ҷомаи гарм дар зи мис тон иборат буд. Ҳамеша калӯшу маҳсии хиром пӯшида, асо ба

пешина
аз 253
навбатӣ