Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ин андешаҳо савореро дид, ки аз дур меояд. Чун наздик шуд дид, ки ҷавони қадраси кокинаρӯест. Чун гузарон мешуд, бобои Эшон аз ҷой бархост, саломаш дод. Ҷавон бехушона саломашро алейк гирифту гузашта рафтани шуд.

  • Сафарҳо ба хайр, писарам? - пурсид Ҳазрат.

  • Чӣ кор дорӣ, пиракӣ?! - зер лаб гурунгос зад ҷавону нигоҳе накард.

  • Исто, саргардон шудӣ, хонаи мо рафтӣ, маро наёфтӣ, интизори ту канори роҳ истодаам.

  • Бобои Эшони Алааспай?

  • Бале писарам, ҳамоне, ки дарди сари шумо шудаам!

  • Пас чаро ба ман гуфтанд, ки гуреза шудаӣ?

  • Дунё ба тӯҳмат сӯхтааст, - гуфт Ҳазрат болои аспаш савор шуда.

  • Не, наход ту бошӣ? Не, ӯро мекушанд, ӯ гуреза аст.

  • Куштан, накуштан хости Худост! Барои ман ки омада бошӣ, маро бигиру бубар, писарам.

  • Хайр, аз ҷонат сер шуда бошӣ, пеш даро пиракӣ. Аҷоиб-а, як полки калон дар ҷустуҷӯи туст, ту бошӣ... Не, ҳеҷ бовариам намесояд. Хайр, он ҷо гап мезанем, пеш даро пиракӣ.

Чун ба хирмани колхоз пасопеш наздик шуданд, якбора чашмони ҷавон шаб зад, дилаш суст гашт, гӯшҳояш батамом қулф заданд, донаҳои калон-калони арақи сард вуҷудашро фаро гирифт. Нафасаш тангӣ карду қошиғинро қапиду овезон шуда, хиррос зад.

  • Ҳе, таксирам, маро фарор, ки мемирам, маро бубахш, - канда-канда гуфт ӯ, - ба хонаат бирав, ки ман
пешина
аз 176
навбатӣ